Дар пайи ин сӯхтор чор кас ҷони худро аз даст додаанд.
Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Стерлитамаки Бошқирдистони Русия ду сокини маҳаллиро аз коми оташ наҷот додаанд.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12-уми октябр хабар дода, навишт, ки ин ҳодиса моҳи сентябр дар як фурӯшгоҳи Стерлитамак рух додааст.
Ба қавли манбаъ, Хисравшоҳ ва Зоҳиршоҳ, ки баъди кор барои харид ба фурӯшгоҳ рафта буданд, садои фиғон ва имдодталабии сокинонро шунида, ба кумак шитофтаанд. Намояндагӣ гуфтааст, ки яке аз ҷавонҳо нардбонро болои мошини боркаш гузошта, тақрибан ду метр масофаро тай кардаву тавассути тирезаҳо ба ошёнаи сеюми фурӯшгоҳ баромад ва ду сокини маҳаллиро аз коми оташ наҷот додааст.
“То расидани кормандони оташфишонӣ, бо далериву шуҷоати ин ду ҷавонмарди тоҷик, сокинон аз хатар наҷот ёфтанд. Ин амали шуҷононаи онҳо мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардид”,-навиштааст Намояндагӣ.
Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қаҳрамонии як тоҷикистонии дигар бо номи Муҳаммадсанҷар ном мебаранд, ки дар ҷараёни ҳамин ҳодиса ба оташнишонҳо кумак кардаву ду духтари дигарро аз марг наҷот додааст. Худи ӯ ҳам дар суҳбати катбӣ бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ кард.
Тибқи иттилои хабаргузории “ТАСС”, сӯхтор дар маркази савдои “Солнечний”-и Стерлитамак рӯзи 22-юми сентябр рух дода, 2,1 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши ноқили барқ арзёбӣ шудааст.
Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи БошқирдистонБа қавли манбаъ, дар ин воқеа, 4 кас ҷон бохта, 18 кас ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи ин ҳодиса соҳиби фурӯшгоҳ боздошт ва алайҳаш бо гумони риоя накардани қоидаву талаботи бехатарӣ аз сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Намояндагӣ гуфт, ки ду муҳоҷири тоҷикро ҳукумати шаҳри Стерлитамак бо сипоснома қадрдонӣ кардааст.
Аввали ҳамин моҳ, Юсуф Қаюмов, як ронандаи тоҷик дар шаҳри Владивостоки Русия аз сар задани садамаи пурқурбонӣ пешгирӣ кард. Ӯ мошини худро пеши роҳи боркаше қарор дод, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор мондаву бо суръат ба самти маҳалли аҳолинишин ҳаракат мекард.
Ин қаҳрамонии ҷавони тоҷик аз марги эҳтимолии сокинони зиёд пешгирӣ кард. Амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ситоиши густурда қарор гирифт ва ӯро “қаҳрамони рӯз” хонданд.
Ӯ кист ва чӣ корнома дорад дар ин матлаби мо хонед: “Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?
Дар гузашта низ муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолатҳои фавқулода ҷони одамонро наҷот додаанд. Аз ҷумла моҳи майи соли гузашта Саидвалӣ Шарифов, як муҳоҷири тоҷик дар минтақаи Березовскийи вилояти Свердловски Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дода буд. Ӯ чаҳор маротиба ба хонаи оташгирифта ворид шуда як – як кӯдаконро аз коми оташ берун овард.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | “Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад? | 0 | 7.35 | 13-10-2026 |
| 2 | "Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист? | 0 | 7.23 | 16-07-2026 |
| 3 | Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст | 0 | 6.6 | 12-10-2026 |
| 4 | Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад? | 0 | 5.29 | 08-07-2026 |
| 5 | "Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина | 0 | 6.89 | 13-03-2026 |
| 6 | ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд | 0 | 12.49 | 12-10-2026 |
| 7 | Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд" | 0 | 5.52 | 14-08-2026 |
| 8 | Оё воридот аз Афғонистон нархи гӯшт дар Тоҷикистонро поин хоҳад бурд? | 0 | 4.76 | 01-11-2025 |
| 9 | “Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус | 0 | 6.38 | 19-08-2026 |
| 10 | Рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иди тарбузу харбуза ва кадуву оши палав маълум шуд | 0 | 7.9 | 14-10-2026 |