Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Оё воридот аз Афғонистон нархи гӯшт дар Тоҷикистонро поин хоҳад бурд?

Дата публикации: 01-11-2025 12:53:03

Cоҳибкорон дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот хостанд, то иҷозат диҳанд аз Афғонистон чорвои зинда ворид кунанд. Ин дархости соҳибкорон қабул шуда, мақомот дар назди гузаргоҳҳо нуқтаи махсуси беҳдоштӣ сохтаанд. Дар ин нуқтаҳо чорвои зинда аввал аз ташхис гузашта, сипас вориди Тоҷикистон мешавад.
Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб ду гузаргоҳ ва як бозори наздимарзӣ фаъоланд. Гузаргоҳи "Кокул" дар Фархор ва гузаргоҳу бозори наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.
Дар бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тоҷирон аз ду сӯи Панҷ молу коло ворид мекунанд, аммо фурӯши маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ аз Афғонистон манъ аст.
Фаттоҳ Саидов, сардори Маркази таъмини бехатарии озуқавории минтақаи Кӯлоб мегӯяд, "Ҷониби Афғонистон гуфт, ки мо кафолат дода наметавонем. Онгунае, ки дар мо ҳаст ва байтор корбарӣ мекунад, дар онҷо нест. Бинобар ҳамин, мо ба таври пурра воридоти маҳсулоти гӯштиву шириро манъ кардем".
Ҳоло Фаттоҳ Саидов мегӯяд, ки дар ин нуқтаҳо чорвои зинда аввал аз ташхис гузашта, сипас вориди Тоҷикистон мешавад. "Дар мавзеи Кокул ва Панҷи поён маконҳои махсус ташкил кардем, соҳибкор чорвои зиндаро харидорӣ мекунад, мо дар онҷо мутахассис дорем, 20-рӯз карантин мешавад. Дар онҷо хуни чорворо месанҷем, дигар намуди эмдоруҳоро мегузаронем, баъдан ба пуррагӣ иҷозат пайдо мекунад, ки вориди Тоҷикистон шавад",-афзуд Фатоҳ Саидов.
Дар рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз кардани бозори наздимарзии "Шоҳон"-и Тоҷикистон ҳаммарз бо Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон, мушоҳида мешуд, ки гӯшт ҳам хариду фурӯш мешавад ва мардум як килои онро бо 50 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Сокинон мегӯянд, ки ҳоло дигар дар ин бозор гӯшт хариду фурӯш намешавад.
Неъмат, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯяд, "онро иҷозат диҳанд, хуб аст. Нархи бузҳояшон аз 3 то 5 сомонӣ ҳазор аст. Як буз то ду летр шир медиҳад. Баъд, гӯштҳояшон вазнин аст".
Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти чорво бо Покистону Афғонистон шартнома бастааст. Ҳар соҳибкор бо доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозаи воридот ба Тоҷикистонро пайдо мекунад.
Алҳол маълум нест, вуруди чорвои зинда аз Афғонистон ба нархи гӯшт дар бозор чӣ таъсир хоҳад расонд.
Бисёриҳо хушбинанд, ки агар ин кор дуруст ба роҳ монда шавад, нархи гӯшт ҳатман поин хоҳад омад.
Ҳоло як килограм гӯшт дар бозорҳои минтақаи Кӯлоб аз 95 то 110 сомонӣ арзиш дорад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Дар Кӯлоб як роҳи халосӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд05.613-12-2025
2Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
3Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
4"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
5Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
6Дар марзи Тоҷикистон ду касро куштаанд08.0421-08-2026
7Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст09.0115-05-2026
8Оё дар Тоҷикистон бе қарз зиндагӣ кардан имкон дорад?05.6218-08-2026
9“Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус06.3819-08-2026
10Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 4.76. Источник: www.ozodi.org.