Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб

Дата публикации: 28-07-2026 08:43:57

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми панҷ милисаи гумонзад ба марги сокини 36-солаи Кӯлоб Мақсудҷон Саидовро эълон кардааст.

Основное содержимое страницы с новостью.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми панҷ милисаи гумонзад ба марги сокини 36-солаи Кӯлоб Мақсудҷон Саидовро эълон кардааст.

Дар ҳоле ки мақомот хабар намедиҳанд, як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “се нафар аз 5 то 13 сол зиндонӣ шуда, дуи дигар бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод гаштанд.”

Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ҳастанд. Ҳукм рӯзи 24-уми июл эълон шудааст.

Манбаи Радиои Озодӣ бар асоси иттилое, ки дар даст дорад, номи ду милисаи маҳкумшуда ва ҷузъиёти ҳукми онҳоро дар ихтиёри мо гузошт. Ӯ рӯзи 28-уми июл гуфт: "Сино Обидзода, маъмури Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт, бо гуноҳи қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ сездаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Пештар додситон барои ӯ ҳабдаҳ сол зиндон хоста буд."

Мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш афзуд, додситон нисбат ба Рустам Ёдгорзода, корманди дигари Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, 5 сол зиндон талаб карда буд, “аммо додрас ӯро бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод кард”.

“Ду маъмури дигари милиса аз ҳамин ноҳия панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум шуда, як нафари дигар бар асоси қонуни афв ва бо пардохти ҷарима озод шуд,” – илова кард манбаи огоҳи Радиои Озодӣ. Кӯшиши мо барои маълум кардани ному насаби ин се нафар ва ҷузъиёти ҳукми онҳо то ин дам натиҷа надод.

Ин гурӯҳ аз кормандони умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайванд ба марги Мақсудҷон Саидов аз Кӯлоб боздошт ва муҳокима шуданд. Дар ин қазия нафари шашум низ ҳаст, ки то кунун дар куҷо буданаш дақиқ нест.

Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши "кристал", як навъ маводи мухаддир, дастгир, аммо дертар дар шароити мармуз даргузашт. Мақомот аз наздиконаш хостаанд, ки пайкари ӯро зуд дафн кунанд ва ҳамин маврид шубҳаро дар бораи табиӣ будани марги ӯ бештар кардааст.

Пайвандони Мақсудҷон Саидов қаблан аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Ҳоло вокуниши онҳо ба ҳукм низ рӯшан нест. Чанде аз дӯстони Мақсудҷон дар суҳбати пешинаи телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш “осори шиканҷа дида мешуд” ва гуё “ангуштони пою дасташ сӯхта буданд”.

Истифода аз шиканҷа барои гирифтани “эътирофи гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.

Кумитаи маҳви шиканҷа дар Созмони Милал аввали моҳи майи 2026 аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми июли имсол гуфт, дар соли 2025 дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо 21 шикоят гирифт, ки бист мавриди он ба ниҳодҳои вобастаи Вазорати корҳои дохилӣ пайванд дорад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Оё воридот аз Афғонистон нархи гӯшт дар Тоҷикистонро поин хоҳад бурд?04.7601-11-2025
2Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
3Талоқ дар 66-солагӣ. Қарори камсобиқаи додгоҳе дар Тоҷикистон010.8316-12-2025
4"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
5Як марзбони дигари тоҷик ғарқ шудааст010.3112-08-2026
6"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
7Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
8"Нафасгир шудааст." Марги як додситон дар тасодуфи роҳ010.3804-08-2026
9Зане, ки дар марги писару келину наберааш гумонзад буд, афв шудааст05.8511-08-2026
10Мансабдори тоҷик бояд ҷаримаро пардозад, вагарна... 07.8318-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 6.29. Источник: www.ozodi.org.