Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё

Дата публикации: 30-04-2026 13:23:25

Пайвандони як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки худро ба дарёи Кофарниҳон партофт, аз мақомот мехоҳанд, воқеро таҳқиқ ва сабабҳои даст ба ин амал даст задани Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаро рӯшан кунанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Пайвандони як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки худро ба дарёи Кофарниҳон партофт, аз мақомот мехоҳанд, воқеро таҳқиқ ва сабабҳои даст ба ин амал даст задани Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаро рӯшан кунанд.

Ин сарбози 23-сола рӯзи 27-уми апрел худро ба дарё партофт ва то ҳол ҳеч нишоне аз ӯ пайдо накардаанд. Мақомот қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

Қурбонгул Ашурова, модари Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода рӯзи 29-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш пеш аз оне, ки худро ба об афканад, ба ӯ занг зада буд. Ӯ ба модараш гуфтааст, агар хатое карда бошад, узр мехоҳад. "Дар телефон гуфт ки агар дар ҳаёт яке хато карда бошам, "очаҷон маро бубахш", се бор гаштаву баргашта ҳаминхел гуфт, ки очаҷон агар ягон хато карда бошам, маро бубахш,"--гуфт модари сарбоз.

Наздикони Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар бораи сабабҳои марги ӯ ошкоро суҳбат намекунанд. Намояндагони Вазорати мудофиа ҳам, ки дар ҷойи ҳодиса буданд, аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд. Як манбаи огоҳ аз тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, ду фарзия; бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкили хонаводагӣ ҳамчун сабабҳои эҳтимолии даст ба худкушӣ задани сарбоз таҳқиқ мешаванд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Ба гуфтаи наздиконаш, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар канори Душанбе хизмат мекард ва барои даҳ рӯз рухсатӣ гирифта, ба хонаашон дар ноҳияи Файзобод рафт. Ин сарбоз 28-уми апрел мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт, аммо як рӯз пеш бо баҳонаи ороиши мӯйи сар аз хона баромада ба шаҳри Ваҳдат омад ва худро ба рӯдхона партофт.

"Дар бораи саломатиаш мегуфт, ки гурдаҳоям дард мекунад. Худам гуфтам ки аз дорухона ягон дору биёр, хӯр, ки соз шавӣ,"--гуфт модари сарбоз.

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад. Талошҳои наҷотдиҳандагон барои пайдо кардани ин сарбоз то ин лаҳза бенатиҷа аст. Пуроб шудани дарё дар фасли баҳор ва омадани сел кори наҷотдиҳандагонро мушкил кардааст.

Маргумири сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон моҳи апрел доғ шуд. Дар ин моҳ ҳадди ақал марги се сарбоз расонаӣ шуд. Наздикони бархе аз ин сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон шикоят карданд. Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш беҳтар шудааст, аммо хабарҳои ахир ин иддаоро зери суол мебаранд.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
2Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
3Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026
4Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026
5Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
6Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ07.2306-08-2026
7Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд09.0104-05-2026
8Мусофири тоҷик дар Иморот: “Аз хабарҳо бисёр нигарон шудем”07.605-03-2026
9Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад06.602-03-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 8.1. Источник: www.ozodi.org.