Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Мусофири тоҷик дар Иморот: “Аз хабарҳо бисёр нигарон шудем”

Дата публикации: 05-03-2026 15:17:18

Бо сабаби нооромӣ дар Ховари Миёна, ки дар пайи амалиёти Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Ҷумуҳрии Исломӣ сар зад, шуморе аз мусофирони тоҷик дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дармондаанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Бо сабаби нооромӣ дар Ховари Миёна, ки дар пайи амалиёти Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Ҷумуҳрии Исломӣ сар зад, шуморе аз мусофирони тоҷик дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дармондаанд.

Як зан аз Тоҷикистон, ки бо мақсади саёҳат ба шаҳри Абузабӣ рафтааст, рӯзи панҷуми март гуфт, мунтазири аз сар гирифтани парвозҳо мебошад.

“Мо бояд 2-юми март бо ҳавопаймои Fly Dubai ба Тоҷикистон мерафтем, аммо нашуд. Мо садои таркишро шунидем, вале худамон надидем. Дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, мардум дар кӯчаҳо мегарданд, фурӯшгоҳҳо бозанд. Аз телевизион дидем, ки таркишу дуд ҳаст. Рости гап, аз ҳамин хабарҳо бисёр нигарон шудем," – нақл кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин мусофири тоҷик бо шарти нанавиштани номаш гуфт, мақомоти Абузабӣ ба ёрии меҳмонону мусофирон шитофтаанд "Паёмак омад, ки ҳузури сайёҳон дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби ҳукумат аст. Се рӯз боз инҷо ҳастем ва бовар дорем, ки аз мо пул талаб намекунанд. Барои хӯроку дигар эҳтиёҷоти худамон рӯзе то 100 доллар сарф мекунем."

Ӯ гуфт, дар бораи вазъи тоҷикистониҳои дигар дар Имороти Муттаҳидаи Араб хабаре надорад, вале худаш сафорати Тоҷикистонро огоҳ кардааст. “Ба мо гуфтанд, агар хоҳиш дошта бошем, метавонем бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон баргардем. Мо қарор кардем, ки ҳоло мунтазир монем ва агар дар зудтарин фурсат Fly Dubai парвоз кард, шояд ба хона баргардем,” – афзуд ӯ.

ВКХ: 219 нафар аз Эрон баргаштанд

Амалиёти низомии Амрико ва Исроил ба Эрон 28-уми феврал сар шуд ва дар як фурсати кӯтоҳ Эрону чандин кишвари атрофи он ба мисли Иморот, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркияву Озарбойҷон ҳам шоҳиди таркишу ҳамлаҳои паҳподӣ шуданд.

Шумори умумии тоҷикистониҳое, ки дар ин кишварҳо ба сар мебаранд, феълан маълум нест.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, то 4-уми март 219 нафар аз Эрон берун бароварда шудаанд. 118 нафар ба воситаи Туркманистон ва 101 нафар аз тариқи Озарбойҷон.

Як намояндаи ВКХ ба Радиои Озодӣ гуфт, сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Иморот вазифадор карда шудаанд, ки шаҳрвандонеро, ки нияти баргаштан ба ватанро доранд, рӯйхат кунанд.

“Ҷараёни бозгардондану барӯйхатгирӣ ихтиёрӣ аст, чун баъзеҳо умедворанд, вазъ одӣ мешавад ва онҳо метавонанд ба кору таҳсили худ идома диҳанд. Аз Эрон айни замон ду роҳ аст, ки ҳарду заминӣ аст – яке аз Озарбойҷон ва дигаре аз Туркманистон. Сафоратҳои мо бо марзбонони он кишварҳо дар тамос ҳастанд ва барои аз сарҳад гузаштан тамоми шароитро фароҳам кардаанд,” – шарҳ дод ӯ.

Рӯзи 5-уми март ширкати “Сомон Эйр” 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овардааст.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико08.3426-06-2026
2Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад06.602-03-2026
3"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
4"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
5Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Беш аз 200 кас дархости бозгашт доданд09.1102-03-2026
6Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
7"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина06.8913-03-2026
8"Салом аз Трамп". Тоҷикистон дар моварои низои ИМА ва Эрон09.0304-05-2026
9Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
10Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026

Классификация: Общество. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.6. Источник: www.ozodi.org.