Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?

Дата публикации: 16-07-2026 07:56:54

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ эътироф карданд, ки ҳамла ба корхонаҳои нафтии Русия ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон “бевосита таъсир расондааст”. Онҳо дар ин маврид аз ибораи “нооромиҳои сиёсӣ” низ истифода карданд, аммо шарҳ надоданд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ эътироф карданд, ки ҳамла ба корхонаҳои нафтии Русия ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон “бевосита таъсир расондааст”. Онҳо дар ин маврид аз ибораи “нооромиҳои сиёсӣ” низ истифода карданд.

Ҳайдаралӣ Раҷабзода

Ҳайдаралӣ Раҷабзода

Ҳайдаралӣ Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 91 дарсади маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад.

"Вазъи бозори маҳсулоти нафтӣ дар Федератсияи Русия дар пайи нооромиҳои сиёсӣ ноустувор гардида, аз ин бевосита таъсирашро ба ҷумҳурии мо расонидааст... Хадамот мунтазам мониторинги вазъи бозори ин намуд маҳсулотро гузаронида, аз натиҷаи он ба ҳукумати кишвар маълумоти зарурӣ пешниҳод менамояд," -- афзуд ӯ.

Дар баъзе нуқтаҳо сӯзишвории дизелӣ нест

Дар баъзе нуқтаҳо сӯзишвории дизелӣ нест

Ҳафтаҳои охир чанд корхонаи коркарди нафт дар Русия ҳадафи ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифта, он кишвар бо камбуд ё буҳрони сӯзишворӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар пайи он, дар Тоҷикистон низ нархи маводи сӯхт боло рафт.

Ҳабиб Абдуллозода, cардори раёсати танзими инҳисороти табии Хадамот гуфт, мақомот талош доранд, ки овардани сӯзишвориро аз кишварҳои дигар ба роҳ монанд.

"Ягон ҷойи ташвишаш нест. Соҳибкорони мо фақат бо Русия ҳамкорӣ мекарданд. Ҳастанд дигар давлатҳо, истеҳсол мекунанд, мавод ҳаст, таъминот мешавад,” – гуфт Ҳабиб Абдуллозода.

Ба омори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимаи аввали имсол нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 54 дарсад афзуда, ҳоло як литри он аз 15 то 16,7 сомонист. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки рӯзи 16 июл дар шаҳри Душанбе нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 17 сомонӣ бештар аст.

Нархи бензин ҳам дар ним сол 26 дарсад гарон шуда, як литри он то 12 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши гази моеъ ба гуфтаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ним сол тақрибан бетағйир мондааст. Рӯзи 16-уми июл нархи як литр гази моеъ дар Душанбе 6,8 сомонӣ буд, ки дар қиёс ба моҳи май як сомонӣ гаронтар аст.

Чӣ қадар сӯзишворӣ ворид шуд?

Тибқи омори Хадамот, аз моҳи январ то июни имсол ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чил ҳазор тонна зиёд будааст.

Ҳамчунин дар ин давра ба Тоҷикистон 241 ҳазор тонна гази моеъ овардаанд.

Мақомот мегӯянд, 91 дарсади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва боқимонда аз Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар ворид шудааст.

Мақомот мегӯянд, бозори сӯзишворӣ дар инҳисор ё монополияи касе нест ва чанд ширкат ин навъ маҳсулотро меоранд. Пештар гузоришҳо аз инҳисор ё монополияи бозори сӯхт аз сӯи чанд ширкати наздик ба мансабдорони баландпояи Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.

Болоравии нархи маводи сӯхт ва камчин шудани сӯзишвории дизелӣ дар баъзе нуқтаҳо нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, рӯзи 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон барои ду моҳи оянда захираи маҳсулоти нафтӣ дорад.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?05.2908-07-2026
2Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст06.6407-08-2026
3Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
4Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
5"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико08.3426-06-2026
6"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
7"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина06.8913-03-2026
8Мусофири тоҷик дар Иморот: “Аз хабарҳо бисёр нигарон шудем”07.605-03-2026
9“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
10Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад06.602-03-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.23. Источник: www.ozodi.org.