Дар пайи муваққатан манъ шудани содироти сӯзишвории ҳавопаймо аз Русия, мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз кишварҳои дигар маводи сӯхт ворид кунанд. То ин вақт Тоҷикистон сӯзишвории мавриди ниёзаш, аз ҷумла барои ҳавопаймоҳоро аз Русия мегирифт.
Дар пайи муваққатӣ манъ шудани содироти сӯзишвории ҳавопаймо аз Русия, мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз кишварҳои дигар маводи сӯхт ворид кунанд. То ин вақт Тоҷикистон сӯзишвории мавриди ниёзаш, аз ҷумла барои ҳавопаймоҳоро аз Русия мегирифт.
Музокирот бо Қазоқистону ТуркманистонТаъмини сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл аз мавзуъҳои асосии нишасти хабарӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ буд. Ин мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки Русия аз якуми июн содироти сӯзишвории ҳавопаймо ё керосинро то 30-юми ноябри имсол манъ кард.
Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои сӯхтрасон дар Тоҷикистон як ҳафта боз дар талоши ворид кардани сӯзишворӣ аз кишварҳои дигар ҳастанд. Ба гуфтаи Назарзода, гуфтугӯҳо барои ворид кардани сӯхти ҳавопаймо бо Қазоқистон, Туркманистон ва баъзе кишварҳои дигар идома дорад.
“Айни ҳол маълумот гирифта истодаем, ки дар куҷо сӯзишворӣ бошад то шартнома бандем ва ворид шудани сӯзишвориро ба роҳ монем,” – афзуд Ҳабибулло Назарзода.
Ҷузъиёти гуфтугуҳо бо Қазоқистон ва Туркманистон фош намешавад.
Дар нишасти Оҷонси авиатсия нагуфтанд, ки захираи сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон чӣ қадар мондааст. Аввали моҳи июн хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Вазорати энергетикаи Тоҷикистон навишт, ки дар кишвар қариб 60 ҳазор тонна захираи сӯхти ҳавопаймо аст ва то охири моҳи ноябр бояд кофӣ бошад.
Дар пайи ҳамлаҳои давомдори паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар ин кишвар камбуди шадиди сӯхт ва болоравии нархи он ба миён омадааст. Ин ҳолат ба Тоҷикистон ҳам расид, чун Русия таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо сӯзишворӣ мебошад.
Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон соли 2025 аз Русия беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯхти ҳавопаймо харидааст.
То соли гузашта ворид кардани сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" буд. Соли гузашта мақомот гуфтанд, ки ду ширкати дигар ҳам вориди ин бозор шудаанд. Аммо номи моликони ин се ширкат эълон намешавад. Гарон будани сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон қаблан нигаронии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сафири Туркия дар Душанберо ба миён оварда буд.
Умут Аҷар, сафири Туркия дар Душанбе, моҳи августи соли 2025 дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки ширкати "Туркиш эйрлайнз" як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе ба 1780 доллар мехарад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфҳои сафири Туркия ягон вокуниш накардаанд. Намояндагони ширкати таъмини сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст | 0 | 6.64 | 07-08-2026 |
| 2 | "Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист? | 0 | 7.23 | 16-07-2026 |
| 3 | “Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб? | 0 | 11.88 | 19-05-2026 |
| 4 | Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад | 0 | 5.08 | 08-07-2026 |
| 5 | Вазир: Тоҷикистон барои 60 рӯз захираи сӯзишворӣ дорад | 0 | 9.44 | 10-07-2026 |
| 6 | 15 ҳазор гектар замин. Ҷузъиёти қарордоди Тоҷикистон бо "БТК"-и Русия | 0 | 13.11 | 04-06-2026 |
| 7 | Бонкҳои Тоҷикистон аз феҳристи таҳримҳои Аврупо берун шуданд | 0 | 8.31 | 24-04-2026 |
| 8 | "Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина | 0 | 6.89 | 13-03-2026 |
| 9 | Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд | 0 | 9.01 | 04-05-2026 |
| 10 | "Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико | 0 | 8.34 | 26-06-2026 |