Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад

Дата публикации: 08-07-2026 07:05:52

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба таҳқиқи қочоқи даҳҳо сангпушти нодир аз Фурудгоҳи Душанбе ба Фурудгоҳи Домодедовои Маскав шуруъ кардааст.
Хадамоти гумруки Русия рӯзи 3-юми июл аз кӯшиши интиқоли 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод. Ин ниҳод гуфт, як шаҳрванди Русия бо гумони қочоқи ин сангпуштҳо боздошт шудааст.
Зайнулло Шарифзода, раиси Фурудгоҳи Душанбе, 8-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани ин хабар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.
Ба гуфтаи Шарифзода, тибқи маълумоти пешакӣ ин сангпуштҳо рӯзи 27-уми марти имсол аз тариқи хати бағоч аз Фурудгоҳи Душанбе гузаронда шудаанд.
Раиси Фурудгоҳи Душанбе афзуд, масъули таҳқиқи бағочҳо кормандони идораи гумрук ҳастанд. Мавқеи идораи гумруки Тоҷикистон ба ин масъала аниқ нест.
Зайнулло Шарифзода афзуд, пас аз анҷоми санҷиши додситонии нақлиёт ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ медиҳанд.
Раиси Фурудгоҳи Душанбе мушаххасан нагуфт, ки агар ин сангпуштҳо 27-уми март ба Маскав бурда шудаанд, пас, чаро хабари он аввали моҳи июл расонаӣ шуд.
Ин аввалин мавриди қочоқ аз Фурудгоҳи Душанбе нест. Дар гузашта ҳам чанд ҳолати ғайриқонунӣ баровардан ё овардани мол аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе расонаӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2023 ду корманди Фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми мусоидат дар қочоқи тило ба Ҳиндустон дастгир шуданд.


Основное содержимое страницы с новостью.

Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифода аз барномаи мобилии "Амина" барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", ҳатмӣ мешавад. Замимаи "Амина" маълумот дар бораи макони муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад.

Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае навишт, минбаъд "Амина" ягона воситаи бақайдгирӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав хоҳад буд. Ноболиғон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққат, бояд ба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи зисташон муроҷиат кунанд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, истифода накардан аз барномаи "Амина" ҳамчун нақзи низоми муҳоҷират арзёбӣ шуда, муҳоҷир метавонад барои ин кор ихроҷ шавад.

"Бо ин роҳ мо аз тамоми ҳаракатҳои ӯ огоҳ мешавем — рӯзона медонем, ки дар куҷо кор мекунад, куҷо қарор дорад, шабона медонем, ки дар куҷо хоб мекунад ва чӣ гуна ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйири макони ӯро медонем. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои марбут ба фаъолияти идораи андоз ё хадамоти муҳоҷират, мо ҳамеша медонем, ки ин шахс дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад," - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба гуфтаи Сергей Собянин, мақомоти Русия дар ояндаи наздик низоми назорати биометрии шаҳрвандони хориҷиро дар 11 минтақаи кишвар ҷорӣ хоҳанд кард.

Собянин гуфтааст, "имрӯз дар марз низоми назорати биометрӣ таъсис дода шудааст. Ҳангоми убури марз ҳар як муҳоҷир маълумоти биометрии худ, аз ҷумла изи ангушт месупорад, акси ӯро мегиранд ва аз ин тариқ минбаъд ҳамеша метавон шахсияти ӯро муайян кард", - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то нимаи моҳи декабри соли 2025 беш аз 139 ҳазор нафар бинобар набудани маълумот дар бораи макони зисташон дар замимаи "Амина", аз қайди муҳоҷират хориҷ карда шудаанд. Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар маълумот дар бораи маҳалли будубоши муҳоҷир беш аз се рӯзи корӣ ба низом ворид нашавад, ӯ аз қайди муҳоҷират хориҷ карда мешавад.

Тибқи нақшаи мақомот, дар оянда ин замима бояд ба як низоми комили хизматрасонӣ табдил ёбад. Тавассути он пардохти маблағи иҷозатномаи кор ё патент, гирифтани навбат барои қабул дар маркази муҳоҷират ва истифода аз дигар хизматрасониҳо имконпазир хоҳад шуд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки дар паси осонии ваъдашуда низоми назорати рақамӣ пинҳон аст. Ба гуфтаи онҳо, ин низом бо мурури замон метавонад аз доираи масъалаҳои муҳоҷират берун рафта, тамоми аҳолии Русияро фаро гирад.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст06.6407-08-2026
2Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?05.2908-07-2026
3Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд09.0104-05-2026
4Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ07.2306-08-2026
5Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
6Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026
7Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
8"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
9Занеро, ки хостааст писарашро бифурӯшад, зиндонӣ кардаанд07.9707-08-2026
10“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026

Классификация: Общество. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 5.08. Источник: www.ozodi.org.