Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст

Дата публикации: 07-08-2026 04:56:31

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар нимаи аввали соли равон ба таври назаррас кам шудааст.
Нашрияи русии "Ведомости" бо такя ба омори идораи марзбонии Русия навишт, аз моҳи январ то июни имсол 494 ҳазор тоҷикистонӣ бо ҳадафи кор ба Русия ворид шудаанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад камтар будааст.
Мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро намегӯянд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон моҳи июли имсол, дар як нишасти матбуотӣ танҳо гуфт, дар нимаи...

Основное содержимое страницы с новостью.

Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифода аз барномаи мобилии "Амина" барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", ҳатмӣ мешавад. Замимаи "Амина" маълумот дар бораи макони муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад.

Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае навишт, минбаъд "Амина" ягона воситаи бақайдгирӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав хоҳад буд. Ноболиғон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққат, бояд ба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи зисташон муроҷиат кунанд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, истифода накардан аз барномаи "Амина" ҳамчун нақзи низоми муҳоҷират арзёбӣ шуда, муҳоҷир метавонад барои ин кор ихроҷ шавад.

"Бо ин роҳ мо аз тамоми ҳаракатҳои ӯ огоҳ мешавем — рӯзона медонем, ки дар куҷо кор мекунад, куҷо қарор дорад, шабона медонем, ки дар куҷо хоб мекунад ва чӣ гуна ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйири макони ӯро медонем. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои марбут ба фаъолияти идораи андоз ё хадамоти муҳоҷират, мо ҳамеша медонем, ки ин шахс дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад," - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба гуфтаи Сергей Собянин, мақомоти Русия дар ояндаи наздик низоми назорати биометрии шаҳрвандони хориҷиро дар 11 минтақаи кишвар ҷорӣ хоҳанд кард.

Собянин гуфтааст, "имрӯз дар марз низоми назорати биометрӣ таъсис дода шудааст. Ҳангоми убури марз ҳар як муҳоҷир маълумоти биометрии худ, аз ҷумла изи ангушт месупорад, акси ӯро мегиранд ва аз ин тариқ минбаъд ҳамеша метавон шахсияти ӯро муайян кард", - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то нимаи моҳи декабри соли 2025 беш аз 139 ҳазор нафар бинобар набудани маълумот дар бораи макони зисташон дар замимаи "Амина", аз қайди муҳоҷират хориҷ карда шудаанд. Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар маълумот дар бораи маҳалли будубоши муҳоҷир беш аз се рӯзи корӣ ба низом ворид нашавад, ӯ аз қайди муҳоҷират хориҷ карда мешавад.

Тибқи нақшаи мақомот, дар оянда ин замима бояд ба як низоми комили хизматрасонӣ табдил ёбад. Тавассути он пардохти маблағи иҷозатномаи кор ё патент, гирифтани навбат барои қабул дар маркази муҳоҷират ва истифода аз дигар хизматрасониҳо имконпазир хоҳад шуд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки дар паси осонии ваъдашуда низоми назорати рақамӣ пинҳон аст. Ба гуфтаи онҳо, ин низом бо мурури замон метавонад аз доираи масъалаҳои муҳоҷират берун рафта, тамоми аҳолии Русияро фаро гирад.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?05.2908-07-2026
2"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
3Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад05.0808-07-2026
4Суст шудани рубл ва ихроҷи густурда таваҷҷуҳи муҳоҷиронро ба Русия кам кардааст05.4909-08-2026
5"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина06.8913-03-2026
6“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
7Вазир: Тоҷикистон барои 60 рӯз захираи сӯзишворӣ дорад09.4410-07-2026
8Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
9Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
10Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд016.3513-07-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 6.64. Источник: www.ozodi.org.