Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд

Дата публикации: 13-07-2026 05:03:08

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали имсол неруҳои қудратии кишвар бо қочоқбарони афғонистонӣ 7 маротиба задухӯрд карда, 17 қочоқбарро куштаанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали имсол неруҳои қудратии кишвар бо қочоқбарони афғонистонӣ 7 маротиба задухӯрд карда, 17 қочоқбарро "безарар кардаан". куштаанд.

Зафар Самад, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар 13-уми июл зимни нишасте дар Душанбе гуфт, дар ним сол дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон 1 тоннаю 513 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

"Таҳлилу арзёбии маълумоти воридгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Афғонистон кишт, коркард ва истеҳсоли маводи нашъаовар, аз ҷумла моддаҳои психотропии синтетикӣ зина ба зина афзоиш ёфта, махфигоҳҳо ва лабораторияҳои истеҳсолӣ то ҳол фаъолият менамоянд", -гуфтанд дар Оҷонсии маводи нашъаовар.

Раиси Оҷонсӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфт, баъди бозгашти Толибон ба қудрат, кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бештар шудааст. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Толибон иддао дооанд, ки дар тӯли ҳукуматдории онҳо кишту истеҳсоли маводи мухаддир, баръакс, кам шудааст.

Раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, дар мавзӯи мубориза бо маводи мухаддир бо ҳукумати Толибон ягон гуфтугӯ надоранд.

"Тоҷикистон яке аз кишварҳои транзитии воситаи нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ дар самти Масири Шимолӣ боқӣ мемонад," – афзуд директори Оҷонсӣ.

Дар нишасти хабарии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар аз он нигаронӣ карданд, ки дар Афғонистон истеҳсоли метамфетамин зиёд шудааст. Як намояндаи Оҷонсӣ гуфт, 72 килограм маводи метамфетамин, ки дар ним сол мусодира шуд, ҳамааш аз Афғонистон оварда шудааст.

Дар марзи тӯлонӣ ва назораташ гоҳе душвори Тоҷикистон бо Афғонистон зуд-зуд задухӯрд рух медиҳад. Мақомот аксари онҳоро "узви гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбари маводи мухаддир" меноманд. Тасдиқи мустақилонаи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст09.0115-05-2026
2Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст06.6407-08-2026
3Долони нав миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон. Пайомаде дорад?06.5406-08-2026
4"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико08.3426-06-2026
5Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
6Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
7Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026
8Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Беш аз 200 кас дархости бозгашт доданд09.1102-03-2026
9Afg‘oniston savdosi Markaziy Osiyoga burildi — O‘zbekiston asosiy yetkazib beruvchilar qatorida07.9702-08-2026
10Рахмон 15-17 марта с официальным визитом посетит Москву0014-03-2025

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 16.35. Источник: www.ozodi.org.