Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар остонаи озмоиши як долони икмолотӣ ё боркашонӣ қарор доранд, ки созишномаи он 16-уми июл дар шаҳри Машҳади Эрон ба имзо расид. Интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад.
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар остонаи озмоиши як долони икмолотӣ (лоҷистикӣ, таъминотӣ) қарор доранд, ки созишномаи он 16-уми июл дар шаҳри Машҳади Эрон имзо шуд. Интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад.
Таъсиси масири нав дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Иёлоти Муттаҳида роҳҳои содиротии Эронро маҳдуд кардааст ва эҳтимоли даргириҳои нав бар сари тангии Ҳурмуз дар ҳоли афзоиш аст.
Дар Машҳад имзо шудани қарордоди сеҷониба ишора ба он аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ташаббускор ва манфиатдори боз шудани ин долон аст. Сиёсатшиноси тарафдори ҳукумати Тоҷикистон Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, ин тасмим пайомадҳои калони геополитикӣ надорад.
"Аз назари иқтисодӣ ё сиёсӣ гирем, бисёр кори хубест. Ин нақша чандин вақт буд, мутаассифона, рақобати кишварҳо дар инҷо бисёр сахт аст. Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон тавонистанд ба воситаи Осиёи Марказӣ як роҳе аз Чин ба тарафи Эрон кушоянд ва бо ҳамин пеши ин роҳро бастанд. Эрон давлати калон аст ва аз ин долон хеле кам истифода мебарад. Ин фақат барои Афғонистон ва Тоҷикистон каме кумак мекунад," – гуфт ӯ рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ.
Ба қавли ин коршинос, иҷрои тарҳ беш аз ҳама ба ҷониби Афғонистон бастагӣ дорад.
Иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, дар ҳоли боз шуданаш, долони нав ба содироти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳоло беш аз 90 дарсади ин маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Аммо тайи моҳҳои охир бар асари зарбаҳои Украина коркарди нафт дар Русия ба поинтарин ҳад уфтода, ба дараҷаи соли 2005 баробар шудааст. Бо ин ҳама, Русия талош дорад, бозори нафтии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад.
Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ҳоло вазъ тағйир ёфтааст: "Ҳодисаҳои охир нишон доданд, ки вазъи бо маводи нафтӣ таъмин намудани Русия бисёр мураккаб аст. Агар Русия ба ин масъала аз назари манфиатҳои давлатияш нигоҳ кунад, он гоҳ ба ин хулоса омаданаш мумкин аст, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ бигзор ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон худашонро бо маҳсулоти нафтии Русияву Қазоқистон ва ҳам Эрон таъмин кардан гиранд."
Ҷузъиёти таъсиси долони нав маълум нест. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то лаҳзаи таҳияи гузориш ба номаи Радиои Озодӣ посух надод.
Дар ҳоли ҳозир кашондани молу коло миёни Тоҷикистону Эрон асосан ба воситаи Туркманистон ва Қафқози Ҷанубӣ сурат мегирад. Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол ба маблағи 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Беш аз 200 кас дархости бозгашт доданд | 0 | 9.11 | 02-03-2026 |
| 2 | Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст | 0 | 9.01 | 15-05-2026 |
| 3 | Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд | 0 | 16.35 | 13-07-2026 |
| 4 | "Дороӣ ва амонат коҳиш ёфт." Ба бонки эронӣ дар Тоҷикистон чӣ шуд? | 0 | 5.92 | 25-06-2026 |
| 5 | Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад | 0 | 6.6 | 02-03-2026 |
| 6 | Даҳ миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб | 0 | 6.05 | 06-08-2026 |
| 7 | Занеро, ки хостааст писарашро бифурӯшад, зиндонӣ кардаанд | 0 | 7.97 | 07-08-2026 |
| 8 | Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд | 0 | 6.64 | 09-08-2026 |
| 9 | "Салом аз Трамп". Тоҷикистон дар моварои низои ИМА ва Эрон | 0 | 9.03 | 04-05-2026 |
| 10 | Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд | 0 | 5.78 | 23-06-2026 |