Додгоҳе дар Узбекистон як занро, ки хостааст, писарашро дар ивази 3300 доллар ба ҷуфти дигаре фурӯшад, ба севуним сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё, рӯзи 5-уми август содир шуд.
Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, гумонзад ба ҷиноят бо харидор дар мавриди фурӯши кӯдак ба мувофиқа расидаанд ва харидор бояд дар аввал 20 миллион сӯм мепардохт ва бақияро пас аз қонунӣ кардани санадҳои кӯдак мефиристод.
Расонаҳои Узбекистон навиштаанд, ки зан дар...
Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифода аз барномаи мобилии "Амина" барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", ҳатмӣ мешавад. Замимаи "Амина" маълумот дар бораи макони муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад.
Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае навишт, минбаъд "Амина" ягона воситаи бақайдгирӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав хоҳад буд. Ноболиғон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққат, бояд ба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи зисташон муроҷиат кунанд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, истифода накардан аз барномаи "Амина" ҳамчун нақзи низоми муҳоҷират арзёбӣ шуда, муҳоҷир метавонад барои ин кор ихроҷ шавад.
"Бо ин роҳ мо аз тамоми ҳаракатҳои ӯ огоҳ мешавем — рӯзона медонем, ки дар куҷо кор мекунад, куҷо қарор дорад, шабона медонем, ки дар куҷо хоб мекунад ва чӣ гуна ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйири макони ӯро медонем. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои марбут ба фаъолияти идораи андоз ё хадамоти муҳоҷират, мо ҳамеша медонем, ки ин шахс дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад," - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ба гуфтаи Сергей Собянин, мақомоти Русия дар ояндаи наздик низоми назорати биометрии шаҳрвандони хориҷиро дар 11 минтақаи кишвар ҷорӣ хоҳанд кард.
Собянин гуфтааст, "имрӯз дар марз низоми назорати биометрӣ таъсис дода шудааст. Ҳангоми убури марз ҳар як муҳоҷир маълумоти биометрии худ, аз ҷумла изи ангушт месупорад, акси ӯро мегиранд ва аз ин тариқ минбаъд ҳамеша метавон шахсияти ӯро муайян кард", - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то нимаи моҳи декабри соли 2025 беш аз 139 ҳазор нафар бинобар набудани маълумот дар бораи макони зисташон дар замимаи "Амина", аз қайди муҳоҷират хориҷ карда шудаанд. Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар маълумот дар бораи маҳалли будубоши муҳоҷир беш аз се рӯзи корӣ ба низом ворид нашавад, ӯ аз қайди муҳоҷират хориҷ карда мешавад.
Тибқи нақшаи мақомот, дар оянда ин замима бояд ба як низоми комили хизматрасонӣ табдил ёбад. Тавассути он пардохти маблағи иҷозатномаи кор ё патент, гирифтани навбат барои қабул дар маркази муҳоҷират ва истифода аз дигар хизматрасониҳо имконпазир хоҳад шуд.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки дар паси осонии ваъдашуда низоми назорати рақамӣ пинҳон аст. Ба гуфтаи онҳо, ин низом бо мурури замон метавонад аз доираи масъалаҳои муҳоҷират берун рафта, тамоми аҳолии Русияро фаро гирад.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Дуров ҳибсда, 30 ўзбек боласи Россиядан қайтарилди, Золингендаги ҳужум ва 15 ёшли қирғиз | 0 | 14.31 | 26-08-2024 |
| 2 | Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ | 0 | 7.23 | 06-08-2026 |
| 3 | Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд | 0 | 6.64 | 09-08-2026 |
| 4 | Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд | 0 | 9.01 | 04-05-2026 |
| 5 | Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад | 0 | 5.08 | 08-07-2026 |
| 6 | Фарғонада ер олган камбағаллар аукцион ва солиқ қарзи остида қолди | 0 | 11.01 | 08-04-2026 |
| 7 | Ўзбекистон ваъдасини бузди, “Салимбой” қамалди, “Крокус”га ҳужумда гумонланганлар ушланди | 0 | 10 | 25-03-2024 |
| 8 | Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд | 0 | 5.78 | 23-06-2026 |
| 9 | Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаанд | 0 | 6.62 | 04-06-2026 |
| 10 | Таҳхонаи биноҳои баландошёнаро паноҳгоҳ мекунанд | 0 | 4.88 | 06-08-2026 |