Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ

Дата публикации: 06-08-2026 05:53:32

Пулиси Душанбе мегӯяд, ду мардеро боздошт кардааст, ки бар асоси қонуни афв озод шуда, лекин боз даст ба ҷиноят заданд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, Дилшод Раҳматуллоев ва Шокир Исамуддинов ҳамагӣ баъди се рӯз баромадан аз зиндон, ба хонаи як сокини Душанбе даромада, "маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи қиматбаҳоро рабудаанд".
Назари ин ду марди боздоштшуда ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтааст, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз...

Основное содержимое страницы с новостью.

Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифода аз барномаи мобилии "Амина" барои тамоми "хориҷиҳо, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад", ҳатмӣ мешавад. Замимаи "Амина" маълумот дар бораи макони муҳоҷиронро дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, ба Вазорати корҳои дохилии Русия мефиристад.

Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае навишт, минбаъд "Амина" ягона воситаи бақайдгирӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав хоҳад буд. Ноболиғон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққат, бояд ба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи зисташон муроҷиат кунанд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, истифода накардан аз барномаи "Амина" ҳамчун нақзи низоми муҳоҷират арзёбӣ шуда, муҳоҷир метавонад барои ин кор ихроҷ шавад.

"Бо ин роҳ мо аз тамоми ҳаракатҳои ӯ огоҳ мешавем — рӯзона медонем, ки дар куҷо кор мекунад, куҷо қарор дорад, шабона медонем, ки дар куҷо хоб мекунад ва чӣ гуна ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйири макони ӯро медонем. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои марбут ба фаъолияти идораи андоз ё хадамоти муҳоҷират, мо ҳамеша медонем, ки ин шахс дар куҷо кор ва зиндагӣ мекунад," - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба гуфтаи Сергей Собянин, мақомоти Русия дар ояндаи наздик низоми назорати биометрии шаҳрвандони хориҷиро дар 11 минтақаи кишвар ҷорӣ хоҳанд кард.

Собянин гуфтааст, "имрӯз дар марз низоми назорати биометрӣ таъсис дода шудааст. Ҳангоми убури марз ҳар як муҳоҷир маълумоти биометрии худ, аз ҷумла изи ангушт месупорад, акси ӯро мегиранд ва аз ин тариқ минбаъд ҳамеша метавон шахсияти ӯро муайян кард", - гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то нимаи моҳи декабри соли 2025 беш аз 139 ҳазор нафар бинобар набудани маълумот дар бораи макони зисташон дар замимаи "Амина", аз қайди муҳоҷират хориҷ карда шудаанд. Тибқи қоидаҳои амалкунанда, агар маълумот дар бораи маҳалли будубоши муҳоҷир беш аз се рӯзи корӣ ба низом ворид нашавад, ӯ аз қайди муҳоҷират хориҷ карда мешавад.

Тибқи нақшаи мақомот, дар оянда ин замима бояд ба як низоми комили хизматрасонӣ табдил ёбад. Тавассути он пардохти маблағи иҷозатномаи кор ё патент, гирифтани навбат барои қабул дар маркази муҳоҷират ва истифода аз дигар хизматрасониҳо имконпазир хоҳад шуд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки дар паси осонии ваъдашуда низоми назорати рақамӣ пинҳон аст. Ба гуфтаи онҳо, ин низом бо мурури замон метавонад аз доираи масъалаҳои муҳоҷират берун рафта, тамоми аҳолии Русияро фаро гирад.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад05.0808-07-2026
2Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026
3"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
4Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
5"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
6Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
7Занеро, ки хостааст писарашро бифурӯшад, зиндонӣ кардаанд07.9707-08-2026
8Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст09.0115-05-2026
9Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026
10Таҳхонаи биноҳои баландошёнаро паноҳгоҳ мекунанд04.8806-08-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.23. Источник: www.ozodi.org.