Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Вазир: Тоҷикистон барои 60 рӯз захираи сӯзишворӣ дорад

Дата публикации: 10-07-2026 05:53:20

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, ба ҷуз Русия бо чанд кишвари дигар гуфтугӯ доранд. Баъди ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ якбора боло рафт.

Основное содержимое страницы с новостью.

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, ба ҷуз Русия, бо чанд кишвари дигар гуфтугӯ доранд. Баъди зарбаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ якбора боло рафт.

Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, рӯзи 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон барои ду моҳи оянда ё 60 рӯз захираи маҳсулоти нафтӣ дорад.

"Мушкилиҳо дар истеҳсол ва ҳамлу нақл дар минтақа ва дар ҷаҳон ҷой доранд. Новобаста аз ин, мо бо шарикон, аз ҷумла Русия ҳамарӯза ҳамкорӣ карда истодаем. Бо такя ба созишномаи байниҳукуматӣ, содироти баъзе аз маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон давом дорад. Новобаста аз ин, баъзе мушкилиҳо ҷой доранд," -- гуфт Далер Ҷумъа.

Ба қавли вазири энержӣ ва захираҳои об, дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои дигари содиркунанда, аз ҷумла Қазоқистону Туркманистон, Эрон, Ироқ ва Белорус ҳамкориро ба роҳ мондааст".

Видеоро инҷо бинед:

Далер Ҷумъа ҳамчунин гуфт, мақомот талош доранд, "ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ"-ро барои иқтисоди Тоҷикистон таъмин кунанд.

Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия меорад. Ҳафтаҳои охир чанд корхонаи нафти Русия, аз ҷумла корхонаи коркарди нафти Омск, ки тавоноияш дар як сол 21 миллион тонна сӯзишворӣ аст, ҳадафи ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифта, дар худи ин кишвар буҳрони маводи сӯхт пеш омадааст.

Давоми як моҳи охир нархи сӯзишвории дизелӣ, ки барои иқтисоди Тоҷикистон хусусан хоҷагии қишлоқ муҳим гуфта мешавад, беш аз панҷ сомонӣ афзуда, то 16 сомонӣ расид. Нархи бензин ва гази моеъ ҳам гарон шуд.

Тибқи иттилои Вазорати энержӣ, дар нимаи аввали имсол ба Тоҷикистон 922 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҳазор тонна ё 11 дарсад бештар аст.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?05.2908-07-2026
2Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
3Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст06.6407-08-2026
4"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
5У России и Таджикистана появится объединенная система противовоздушной обороны0027-04-2021
6“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
715 ҳазор гектар замин. Ҷузъиёти қарордоди Тоҷикистон бо "БТК"-и Русия013.1104-06-2026
8Таджикистан и Россия договорились укреплять сотрудничество в сфере обороны0001-07-2021
9Россия, Таджикистан и Узбекистан проведут учения в связи с угрозами из Афганистана0028-07-2021
10Главы энергетических ведомств Таджикистана и России обсудили перспективы сотрудничества0019-11-2021

Классификация: Армия и ОПК. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 9.44. Источник: www.ozodi.org.