Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

15 ҳазор гектар замин. Ҷузъиёти қарордоди Тоҷикистон бо "БТК"-и Русия

Дата публикации: 04-06-2026 08:31:01

Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаро бо ширкати русии “БТК гуруҳ” шарҳ доданд. Ин ширкат чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст ва моликаш ҳам зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаро бо ширкати русии "БТК Групп" шарҳ доданд. Ин ширкат чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст ва моликаш ҳам зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

Ҷузъиёти созишнома бо ширкати "БТК" 26-уми май дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, садо дод. Фаррух Юсуфзода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, "БТК Групп" бояд давоми даҳ соли оянда дар Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда, корхонаи коркарди нахи пахта созад.

Дар иваз Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки барои кишти пахта ба ширкати "БТК" "на камтар аз 15 ҳазор гектар бо инфрасохтори зарурӣ" ҷудо мекунад. Муҳлати истифодаи ин заминҳо доимӣ ё на камтар аз 20 сол пешбинӣ шудааст.

Танҳо дар марҳилаи аввал, яъне то охири августи соли 2026 Тоҷикистон бояд барои ширкати "БТК" қариб 7 ҳазор гектар замин бидиҳад. Қарор аст, ин заминҳо асосан дар минтақаи Кӯлоб ба ширкати русӣ дода шаванд.

Созишнома бо ширкати "БТК" дар моҳи октябри соли 2025 дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон ҳадафи ҳамкориро бо ин ширкат рушди саноат гуфта буданд. Вале мавзӯи гурӯҳи "БТК" аз он назар мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки бино ба як таҳқиқи Радиои Озодӣ, ин ширкат инак чор сол аст бо таҳияи либоси ҳарбӣ ба артиши Русия дар ҷанги Украина машғул аст.

Ин ширкати русӣ баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шуд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ аз соли 2025 нишон дод, ки давоми ду соли гузашта 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.

“БТК Групп” яке аз калонтарин ширкатҳои нассоҷӣ дар Русия аст, ки соли 2005 аз сӯи Таймураз Боллоев таъсис ёфтааст. Боллоев яке аз соҳибкорони наздик ба Владимир Путин гуфта мешавад. Ӯ дар ду интихоботи президентӣ дар солҳои 2000 ва 2004-ум шахси боварманди Владимир Путин буд. Нашрияи "The Guardian" соли 2024 Таймураз Боллоевро “аз дӯстони президенти феълии Русия” ном бурд. Ба навиштаи ин нашрия, Боллоев аз сӯи Украина ҳам таҳрим шудааст.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Русия манъ кард; Тоҷикистон сӯзишвории ҳавопайморо аз куҷо мегирад?05.2908-07-2026
2Бонкҳои Тоҷикистон аз феҳристи таҳримҳои Аврупо берун шуданд08.3124-04-2026
3Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
4Вазир: Тоҷикистон барои 60 рӯз захираи сӯзишворӣ дорад09.4410-07-2026
5Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст06.6407-08-2026
6Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад05.0808-07-2026
7Даҳ миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб06.0506-08-2026
8"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико08.3426-06-2026
9"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина06.8913-03-2026

Классификация: Экономика. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 13.11. Источник: www.ozodi.org.