Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Хонаву роҳ месозанд." Эътирофи саҳми муҳоҷирон дар ободонии зодгоҳашон

Дата публикации: 18-12-2025 13:20:40

Қариб аз ҳар оила дар деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ камаш як кас дар муҳоҷирати корӣ ва асосан дар Русия аст. Ҳарчанд онҳо дар шароити сахту баъзан тоқатфарсо кору будубош доранд, қисме аз даромади худро ба волидону ҳамсару фарзандон мефиристанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Қариб аз ҳар оила дар деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ камаш як кас дар муҳоҷирати корӣ ва асосан дар Русия аст. Ҳарчанд онҳо дар шароити сахту баъзан тоқатфарсо кору будубош доранд, қисме аз даромади худро ба волидону ҳамсару фарзандон мефиристанд. Сохтани роҳу кашидани хати об ва бунёди синфхонаҳо дар деҳа низ бахше аз масъулиятҳои нонавиштаи онҳо будааст.

Дӯстмурод Ёрматов, раиси деҳаи Нонҷемас, гуфт, "бо кумаку пули муҳоҷирон якуним километр роҳи пиёдагард сохтем. Чаҳор синфхонаро таъмир кардем. То мазори деҳа ҳудуди дувуним километр об кашидем."

Дар умум, ба гуфтаи раиси Нонҷемас, барои ободии деҳаи онҳо мардум якуним миллион сомонӣ, ба ҳисоби ҳозира беш аз 160 ҳазор доллар, ҷамъ кардаанд. Ба суоли он ки пул чӣ гуна харҷ шуд, Ёрматов гуфт, дар замимаи "Вотсап" гурӯҳи ҳамдеҳагонро доранд ва дар онҷо ба мардум гузориш медиҳанд.

Ба ин монанд раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳо эътироф мекунанд, ки саҳми муҳоҷирон барои ободии зодгоҳашон кам нест.

Муҳоҷирони корӣ аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон танҳо дар шаш моҳи аввали имсол аз хориҷа ба наздиконашон беш аз севуним миллион доллар ва инчунин 480 миллион рубл фиристодаанд. Бахше аз ин пулҳо дар ободии хонаву дар ва зодгоҳашон сарф шудааст.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “дар деҳаи худ чизе месозанд. Ба як деҳа рафтем, бачаҳо дар интернет муроҷиат кардаанд, ки ҳар муҳоҷире дар хориҷа аст, дар Русия ё Қазоқистон, барои ободии деҳааш 1000 сомонӣ саҳм гузорад.”

Раиси шаҳри Норак ҳам тобистони имсол дар нишасти матбуотӣ пули фиристодаи муҳоҷиронро ба нафъ донист. Иброҳим Мирзозода гуфт, "ҳар нафаре, ки маблағ ворид мекунад ба оилаи худ, ин ободӣ аст. Ободӣ аз хонаи худ сар мешавад. Ҳар касе, ки хонаву дари худро тозаву озода мекунад, сохтмон мекунад, ин саҳм гузоштан дар ободонии шаҳри Норак аст."

Ҳоло ба ҳисобҳои гуногун, аз ҷумла омори ҷониби Русия бештар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору иқомат доранд.

Бонки Ҷаҳонӣ тобистони имсол саҳми пули муҳоҷирони кории тоҷикро дар пешбурди иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон муҳим хонд. Таҳқиқи нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ҳам маълум кардааст, пуле, ки муҳоҷирон ба оилаҳояшон дар Тоҷикистон мефиристанд, манбаи асосии даромади ин хонаводаҳо ба шумор меравад.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз омори дақиқи муҳоҷирон ва пули фиристодаи онҳоро намегӯянд ва бо ҳамин саҳми рӯзафзуни онҳоро дар иқтисоди хонаводаҳо ва кишвар нодида мегиранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
2"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
3"Ваъда карданд, вале ёрӣ надоданд." Сабзалӣ дар Роғун маъюб ва бистарӣ шуд08.1707-11-2025
4"Дар Русия мушкилӣ зиёд аст, вале дар ватан интихоби беҳтаре нест"06.3331-07-2026
5“Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус06.3819-08-2026
6"Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд010.6819-08-2026
7Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Русия. Володин таъриф, Гадоев танқид кард011.103-08-2026
8Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
9Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд"05.5214-08-2026
10Занозанӣ дар "Арбоб". Як кас боздошт шудааст, дигарон дар куҷо?08.407-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 8.03. Источник: www.ozodi.org.