Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Талоқ дар 66-солагӣ. Қарори камсобиқаи додгоҳе дар Тоҷикистон

Дата публикации: 16-12-2025 10:04:46

Ёдгорбӣ Собирова, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, баъд аз 48 сол зиндагии якҷоя расман аз шавҳараш ҷудо шудааст. Додгоҳ дар ин бора 20-уми ноябри имсол қарор баровард. Ҳашт фарзанди ӯ ба пардохтани "алимент" вазифадор гаштанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Ёдгорбӣ Собирова, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, баъд аз 48 сол зиндагии якҷоя расман аз шавҳараш ҷудо шудааст. Додгоҳ дар ин бора 20-уми ноябри имсол қарор баровард. Ҳашт фарзанди ӯ ба пардохтани "алимент" вазифадор гаштанд.

"Маро девона бароварданд. Тамоми одамон дар ноҳия маро девона мегӯянд. Аз ин рӯ, гуфтам, ки дигар ҳамроҳи шавҳарам зиндагӣ намекунам. Бародар надорам. Фикр мекардам, фарзандон маро дастгирӣ мекунанд. Ҳашт фарзанд аз паси падарашон рафтанд,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин зани 66-сола сабаби талоқ гирифтанашро ба "нофаҳмӣ" бо ҳамсару фарзандон пайванд дод, вале ҷузъиёташро нагуфт. Дар қарори Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз қавли Ёдгорбӣ Собирова “дахолати фарзандон”, “рост наомадани хислатҳо” ва “душному ҳақорат” аз иллатҳои асосии талоқ гирифтани ӯ номбар шудааст.

Тарафи дигари моҷаро дар пошхӯрии оила худи занро масъул медонад. Чӯпон Қосимов, шавҳари инак собиқи Ёдгорбӣ Собирова мегӯяд, бо ҳамсараш зиндагии хубу ширин доштанд, вале ҳама чиз якбора тағйир ёфт ва то ҳол сабаби дигаргуниро намедонад.

Дар қарори додгоҳ аз 20-уми ноябр низ гуфта шудааст, ки Чӯпон Қосимов хоҳони радди даъвои ҳамсараш буд, чун ӯ иддаои ӯро “беасос” ва ҳосили “дахолати одамони бегона” медонист.

Ёдгорбӣ Собирова

Ёдгорбӣ Собирова

Моҷарои Ёдгорбӣ Собирова баъди аз хона рафтани ӯ дар соли 2024 барои мақомот ва аксар сокинон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ошност. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, чанд дафъа талош карданд, то ин оиларо азҳампошӣ наҷот диҳанд, вале ноком монданд.

“Холаи Ёдгорбӣ, шавҳар ва фарзандонашро ба ҳукумат даъват кардем, то зиндагии худашонро мустаҳкам кунанд,” – гуфт Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, тобистони имсол дар як нишасти матбуотӣ. Аммо тибқи қарори додгоҳ “ин барои барқарор шудани муносибатҳои оилавии тарафҳо натиҷа надод”.

Ёдгорбӣ Собирова акнун дар хонаи хоҳарзодааш ҷой гирифтааст. Вай дӯзанда аст ва дар гузашта бо грант ё кумаки билоивази президентӣ чанд мошини дӯзандагӣ харидааст. Ҳоло мехоҳад, ба кораш идома диҳад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила ва бавижа хонаводаи ҷавонон аз ҳам мепошад. Издивоҷи бармаҳал ва омода набудани духтарон ба зиндагии мустақилона аз сабабҳои асосӣ номбар мешаванд. Дар ин миён қазияи Ёдгорбӣ Собирова дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
2Сокинон гуфтанд, "барқ омад", аммо сабаби қатъи он норӯшан монд08.1814-08-2026
3Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026
4Зане, ки дар марги писару келину наберааш гумонзад буд, афв шудааст05.8511-08-2026
5Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
6"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
7Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
8Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026
9Дар марзи Тоҷикистон ду касро куштаанд08.0421-08-2026
10"Ваъда карданд, вале ёрӣ надоданд." Сабзалӣ дар Роғун маъюб ва бистарӣ шуд08.1707-11-2025

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 10.83. Источник: www.ozodi.org.