Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст

Дата публикации: 22-11-2025 11:07:23

Дар ҷануби Тоҷикистон, ки ҳар сол лашкари азими малах киштзору зироатҳои мардумро нобуд мекунад, имсол пойи ин ҳашароти гиёҳхӯр то минтақаҳои марказии Кӯлоб расидааст.
Кишоварзон мегӯянд, ҳар сол малахи марокашӣ гандумзор ва чарогоҳҳои зиёдеро хӯрдаву нобуд мекард ва имсол ба он малахи маҳаллӣ ҳамроҳ шудааст. Муборизаи нокофӣ барои маҳви ин ҳашаротро як сабаби асосии зиёд шудани малах медонанд, агарчӣ мақомот мегӯянд имсол кор дар ин самт ҷон гирифтааст.
Ҳамлаи малах дар тобистони соли 2025 то шаҳри Кӯлоб ва мавзеъҳои дурдасти Ховалинг низ расидааст. То соли гузашта ин ҳашароти зараррасонро асосан дар Фархор Данғара дидан мумкин буд.
Видеоро инҷо бинед:
Дар Раёсати кишоварзии минтақа гуфтанд, барои нест кардани он ба кори шабонарӯзӣ гузаштаанд. Дар ноҳияҳои Фархор ва Данғара бо малахи марокашӣ мубориза мебаранд.
Коршиносон сабаби афзоиши малахи марокаширо ворид шудани он аз Афғонистон медонанд.
Раҳбари Раёсати кишоварзӣ гуфт, ки алҳол ба ҳосили деҳқонон осеб нарасидааст. Аммо барои нест кардани он даст ба кор шудаанд.
Хайриддин Акрамзода, сардори идораи мубориза бо малах дар минтқаи Кӯлоб мегӯяд, “малахи марокашро омӯхтагӣ ҳастем, медонем дар куҷо ҳаст ва дар куҷо тухм мемонад. Сари вақт коркард мекунем. Малахи маҳаллӣ ҳамин сол пайдо шуд ва ҳамин сол мушоҳида шуд ва ҳоло корбарӣ карда истодаем, то макони тухмгузории онро аниқ кунем.”
Ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб дар гузашта орӣ аз малах буданд. Аммо имсол кишоварзон дар киштзорҳояшон малах мушоҳида кардаанд. Онҳо хавф мебаранд, ки фасли гармо заминҳояшон бо ҳамлаи малах рӯбарӯ хоҳад гашт. Аммо ин умедро ҳам доранд, ки муборизаи феълӣ мумкин, пеши роҳи чунин ҳамларо гирад.
Малахи марокашӣ ҳар баҳор “меҳмон”-и нохондаи Хатлон мешавад. Мақомоти вилоят агарчӣ медонанд, ки лашкари вайронгар ҳуҷум мекунад, аммо зоҳиран дуруст омода намешаванд, ки ҳар сол аз он шикаст мехӯранд.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Оё воридот аз Афғонистон нархи гӯшт дар Тоҷикистонро поин хоҳад бурд?04.7601-11-2025
2Дар Кӯлоб як роҳи халосӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд05.613-12-2025
3Табибон ва фарҳангиён дар Кӯлоб шикоят доранд, ки маошашонро нагирифтаанд06.3223-08-2025
4"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
5"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
6"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
7Даҳ миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб06.0506-08-2026
8Дар Кӯлоб барои шикори хук ва гург ҷоиза медиҳанд010.3721-10-2025
9Миллионҳо сомонӣ пули фарсуда. Танга мушкилро ҳал мекунад? 08.9912-10-2025
10Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд"05.5214-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 5.6. Источник: www.ozodi.org.