Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Миллионҳо сомонӣ пули фарсуда. Танга мушкилро ҳал мекунад?

Дата публикации: 12-10-2025 12:44:35

Дар ним сол аз сокинони минтақаи Кӯлоб беш аз шаш миллион сомонӣ пулҳои фарсударо гирифта, ба ҷояш тангаҳои филизӣ додаанд. Намояндагони Бонки миллӣ дар ин минтақа тасдиқ мекунанд, ки пулҳои коғазии 1, 3 ва 5 сомонӣ охирин рӯзҳои ҳастии худро пушти сар мекунанд ва ҷойи онҳоро тангаҳои филизии баробарқурбашон мегиранд.
Алиаҳмад Юсуфзода, сардори Шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷамъоварии пулҳои куҳна назар ба соли гузашта камтар шудааст. "Ҳама танга шудаанд, пулҳои қоғазӣ ҳоло хурдтаринаш даҳ сомона аст. Мо 10-20 сомонаи нав ҳам дорем ва ҳангоми дархости ташкилотҳои қарзӣ ба онҳо пешниҳод мекунем".
То панҷ сол пеш сокинон шикоят мекарданд, ки пулҳои коғазии аз ҳама беш муомилашаванда фарсудаву кӯҳна шудаанд. Ин пулҳои фарсуда баъзан вақт боиси баҳсу ҷанҷоли харидору фурӯшанда ва ронандаву мусофирон мешуд. Баъзе тоҷирон дар Кӯлоб мегӯянд, пулҳои фарсударо ба Бонки миллӣ месупоранд ва ба ҷояш тангаҳои филизӣ мегиранд.
Мурод, як фурӯшандаи бозори Кӯлоб мегӯяд, қариб сад сомонӣ пулҳои фарсударо аз муштариён қабул кардааст то ба гуфтаи худаш "қадри пули миллӣ кам нашавад". "Як сол мешавад, ки пулҳои фарсударо ҷамъ карда ба бонк месупорам ва дар ҷояш танга мегирам".
Ҳамсуҳбати мо аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, пулҳои коғазии 1, 3 ва 5 сомонӣ акнун хеле кам дар муомила ҳастанд, чун бештарашон фарсудаву даридаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Масъулони Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, пулҳои аз 1 то 5 сомона аз ҳама бештар истифода мешаванд, аз ин рӯ, беҳтар аст муодили филизиашон дар муомилот бошанд. Мақомот бовар доранд, ки пулҳои коғазии то панҷ сомонӣ ба оҳистагӣ ва комилан аз муомилот нопадид хоҳад шуд.
Мувофиқи дастури Бонки миллӣ ҳама бонкҳои тиҷоратӣ вазифадоранд пулҳои фарсударо бидуни ситонидани ҳаққи хизмат аз муштариён гирифта, ба ҷояш асъори нав диҳанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Дар Кӯлоб барои шикори хук ва гург ҷоиза медиҳанд010.3721-10-2025
2Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
3Дар Кӯлоб як роҳи халосӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд05.613-12-2025
4Оё воридот аз Афғонистон нархи гӯшт дар Тоҷикистонро поин хоҳад бурд?04.7601-11-2025
5"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
6Табибон ва фарҳангиён дар Кӯлоб шикоят доранд, ки маошашонро нагирифтаанд06.3223-08-2025
7"Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд010.6819-08-2026
8Дар Кӯлоб аз суръати пасти интернет шикоят доранд06.113-09-2025
9Дар Кӯлоб ҷавони беморро ба артиш бурдаанд. Падараш нигарон аст07.1608-12-2025
10"Ҳам худаш ҷон бохт, ҳам тифлаш." Достони Кубро ва ҳамтақдирони ӯ07.6114-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 8.99. Источник: www.ozodi.org.