Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Дар Кӯлоб аз суръати пасти интернет шикоят доранд

Дата публикации: 13-09-2025 14:34:58

Мавҷгирҳои интернет дар Кӯлоб рӯз ба рӯз зиёдтар мешаванд ва ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, ки аз ҳамин роҳ суръати интернетро баланд ва хадамоташонро беҳтар мекунанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Мавҷгирҳои интернет дар Кӯлоб рӯз ба рӯз зиёдтар мешаванд ва ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, ки аз ҳамин роҳ суръати интернетро баланд ва хадамоташонро беҳтар мекунанд.

Аммо мардум ҳамоно аз суръати пасти интернету иртиботҳои телефонӣ, шикоят доранд. Бонкҳо, ки бе интернет корашон душвор мешавад, гоҳҳо бе интернет мемонанд. Сокинон ҳам гоҳҳо дар назди банкоматҳо соатҳо интизорӣ мекашанд.

Алиаҳмад Юсуфзода, раиси шӯъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дар худи шаҳри Кӯлоб, гоҳо як ё ду соат интернет дастрас нест. Ӯ мегӯяд, ки фаъолияти бонкӣ бе интернет номумкин аст.

Масъулони ҷамоатҳо аз минтақаҳои дурдаст ба маркази Кӯлоб меоянд, то ба интернет васл шаванд ва ба ниҳодҳои дахлдор номаҳояшонро бифиристанд. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, суръати пасти интернет боиси зиёд шудани кори раисони ҷамоатҳо шудааст.

Нурулло Мурзозода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ: "Аз худи ҷамоат нишаста ё аз утоқи кориашон ҳисоботҳоро фиристода наметавонанд, чунки сифати интернет хуб нест. Омада аз худи маркази ноҳия корро анҷом медиҳанд".

Дар ноҳияи Фархор, дар марз бо Афғонистон муштариён гоҳе ба мавҷи ширкатҳои ҳамсоякишвар васл мешавад. Дар ноҳия на танҳо сифати интернет бад даст, балки тамосҳои телефонӣ низ бо душворӣ анҷом мешаванд.

Раиси ин ноҳия мегӯяд, ки дар шаш моҳ се бор ба ширкатҳо нома задааст ва онҳо гуфтаанд, ки зиёд будани муштарӣ ва камбуди мавҷгирҳо, сабаби пеш омадани чунин мушкил шудааст. Онҳо ваъда додаанд, ки мушакилро ҳал мекунанд, аммо маълум не, ки кай.

Шикояти раисони бархе аз шаҳру ноҳия дар ҳолест, ки Хадамоти алоқа аз сифати хубу ва арзон шудани қимати хизматрасониҳо мегӯяд. Дар маркази Кӯлоб корҳо барои ислоҳи вазъ идома доштааст.

Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд, "дар ҳамин боғ ва маконе, ки бештар мардум ҷамъ мешавад, мо дар онҷо дастгоҳи махсус васл мекунем. Инҳо худашон аллакай медонанд, ки дар ҳамин самт ҳамин гуна камбудиҳо доранд, мо иҷозат додем, ки дар боғи фарҳангӣ ҳамон дастгоҳи махсуси зиёд кардани интернетро васл кунанд".

Беш аз як сол аст, ки шикоятҳо аз суръати пасти интернет ва қимати баланди он на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки тамоми вилояти Хатлон шунида мешавад. Дар гузашта чунин шикоятҳо фақат аз мардуми дурдасти кӯҳистон, шунида мешуд.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Табибон ва фарҳангиён дар Кӯлоб шикоят доранд, ки маошашонро нагирифтаанд06.3223-08-2025
2Дар Кӯлоб барои шикори хук ва гург ҷоиза медиҳанд010.3721-10-2025
3Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
4Дар Кӯлоб донишҷӯён барои кишоварзон паҳбод месозанд05.6227-09-2025
5Дар Кӯлоб ҷавони беморро ба артиш бурдаанд. Падараш нигарон аст07.1608-12-2025
6Дар Кӯлоб як роҳи халосӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд05.613-12-2025
7Миллионҳо сомонӣ пули фарсуда. Танга мушкилро ҳал мекунад? 08.9912-10-2025
8"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
9МТС приняла в сеть гигабитного интернета ещё 1000 кузбасских семей5701-04-2026
10Интернет провели в самое отдаленное село КЧР0013-10-2021

Классификация: Общество. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 6.1. Источник: www.ozodi.org.