Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Нафасгир шудааст." Марги як додситон дар тасодуфи роҳ

Дата публикации: 04-08-2026 08:57:08

Дар садама ё тасодуфи роҳ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ду кас, аз ҷумла Ҳасан Давлатов, корманди Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе, ҷон бохтааст. Ӯ 27 сол дошт.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар садама ё тасодуфи роҳ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ду кас, аз ҷумла Ҳасан Давлатов, корманди Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе, ҷон бохтааст. Ӯ 27 сол дошт.

Ҳодиса шаби 25-уми июл бо мошини барқии истеҳсоли Чин рӯй дода, Радиои Озодӣ ҷузъиёташро 4-уми август аз манбаъҳояш дастрас кард.

Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд.

Яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “Ҳасан Давлатов аз ноҳияи Восеъ ба тарафи Ҳамадонӣ мерафтааст. Мошинаш ба девори бетонии пули рӯдхона зада, чаппа шудааст.”

Ба қавли ӯ, ҳамроҳи ронанда Давлатёр Алиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, низ қарор дошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст. Дар бораи вай маълумоти кофӣ дар даст нест.

Як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, “санҷиши ибтидоӣ нишон дод, ки баъди садама низоми барқи мошин аз кор монда, дарҳояш ба таври худкор қуфл шудаанд”.

“Бинобар ин, ронанда ва мусофир натавонистаанд, худро аз дохили мошин берун кашанд ва дар ҳамон ҷо фавтидаанд. Тибқи хулосаи ибтидоӣ, сабаби марги онҳо нафасгирӣ аст,” – гуфт манбаъ рӯзи 4-уми август.

Ҳоло дар Тоҷикистон аз мошинҳои барқии истеҳсоли Чин зиёд истифода мекунанд. Тайи моҳҳои охир бар асари садамаи ин гуна худравҳо чанд нафар ҷони худро аз даст дода ё маҷруҳ гаштаанд.

Моҳи июни имсол дар як сонеҳаи мошини барқӣ дар вилояти Суғд се нафар ҷон бохтанд.

Дар ҳафт моҳи имсол дар вилояти Хатлон зиёда аз 38 ҳазор поймоли қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шуда, танҳо дар ноҳияи Фархор бар асари садамаи нақлиётӣ 17 кас ҷон бохтаву 13 нафар маҷруҳ шудаанд.

Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат ва мошинҳои куҳна сабаби тасодуфи роҳ ва маргумири зиёд дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ, ки аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад, аз сабабҳои дигари ин ҳодисаҳо арзёбӣ мегардад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
2Зане, ки дар марги писару келину наберааш гумонзад буд, афв шудааст05.8511-08-2026
3Як марзбони дигари тоҷик ғарқ шудааст010.3112-08-2026
4"Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд010.6819-08-2026
5Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
6"Гуфтанд, мурда-мурда меравӣ." Даъво барои чанд бино дар Хуҷанд011.412-08-2026
7Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд"05.5214-08-2026
8Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд016.3513-07-2026
9Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026
10Занозанӣ дар "Арбоб". Як кас боздошт шудааст, дигарон дар куҷо?08.407-08-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 10.38. Источник: www.ozodi.org.