Дастикам 13 кас дар натиҷаи ин ҳамлаҳо кушта шуданд.
Дар ҳамлаи рӯзи 10 ва 11-умим октябри соли равон ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Холид дар Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти пешакии сафорати кишвари мо дар Арабистони Саудӣ.
Тибқи иттилои манбаъ,”сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори ин кишвар дар тамос буда, ҳамзамон бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистони Саудӣ қарор доранд, робитаи доимиро нигоҳ медорад”.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамлаи ба фурудгоҳи Риёз ду шаҳрванди Ӯзбекистон осеб дидааст. Дар ин бора Амонулло Файзиев, сухангӯи ВКХ -и кишвари ҳамсоя хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 10 -уми октябр дар натиҷаи зарбаи мушакӣ ба бинои №3 фурудгоҳи байналмилалӣ ду шаҳрванди Ӯзбекистон захмҳои сабук бардоштанд. Ба осебдидагон ёрии тиббии аввалия расонида шудааст ва пас аз муоина ва табобати зарурӣ ҳарду аз бемолрхона мурахас шуданд.
Тибқи маълумоти пешакии ВКХ Ӯзбекистон, ҳангоми ҳамла дар қаламрави фурудгоҳ боз тақрибан 20 шаҳрванди Ӯзбекистон буданд. Онҳо осеб надидаанд.
Дар фурудгоҳи Риёз чӣ рӯй дод?Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10-уми октябр фурудгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Холид дар Риёз мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Мақомоти Арабистони Саудӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Ҳусиҳои Яман гузоштанд.
Гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-и Яман, ки ба номи Ҳусиҳо ҳам маъруф аст, масълуияти ин ҳамларо пазируфтааст. Ба навиштаи расонаҳо, Ҳусиҳо қабл аз ҳамла ба фурудгоҳи Риёз ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон ҳушдор дода буданд, ки аз фазои Арабистони Саудӣ (ба истиснои шаҳрҳои Макка ва Мадина) истифода накунанд, зеро ин минтақаҳо “минтақаҳои амалиёти низомӣ” эълон шудаанд.
Дар миёни кушташудагон, чор шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ду шаҳрванди Бангладеш, ҳамчунин як шаҳрванди ИМА, Миср, Урдун, Сурия, Фаластин ва Судон низ буданд.
Ҳамла ба инфрасохтори фурудгоҳ зарар расондааст. Кори он муваққатан боздошта шуд ва қисме аз парвозҳо ба фурудгоҳҳои дигар равона карда шуданд.
Ҳамчунин, рӯзи 11-уми октябр ба фурудгоҳ як ҳамлаи дигар шуд, ки тибқи иттилои мақомоти Арабистони Саудӣ, як шаҳрванди Покистон кушта ва 11 тани дигар захм бардоштанд.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст | 0 | 6.6 | 12-10-2026 |
| 2 | “Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад? | 0 | 7.35 | 13-10-2026 |
| 3 | Оё дар Тоҷикистон бе қарз зиндагӣ кардан имкон дорад? | 0 | 5.62 | 18-08-2026 |
| 4 | Дар марзи Тоҷикистон ду касро куштаанд | 0 | 8.04 | 21-08-2026 |
| 5 | Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд? | 0 | 8.46 | 13-10-2026 |
| 6 | ВКД гуфт, се нафарро барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт кардааст | 0 | 7.42 | 22-08-2026 |
| 7 | Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр хост | 0 | 8.19 | 14-10-2026 |
| 8 | Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад? | 0 | 9.8 | 14-10-2026 |
| 9 | Йигирма беш йиллик музокаралардан сўнг қирғиз-тожик чегарасида устунлар ўрнатилмоқда | 0 | 5 | 14-07-2026 |
| 10 | Дар Суғду Хатлон 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Порлумон қарзи 20 миллион долларии Кувайтро тасвиб кард | 0 | 19.63 | 12-10-2026 |