Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?

Дата публикации: 14-10-2026 06:00:00

Дар ин ҳамоиш, намояндагони беш аз 60 кишвар ҳузур доранд ва давоми панҷ рӯз аз чанд минтақаи Тоҷикистон боздид мекунанд

Основное содержимое страницы с новостью.

Дирӯз, 13-уми октябр дар Душанбе ҳамоиши байнулмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” оғоз шуд. Дар он тибқи иттилои расмӣ, 2 ҳазор меҳмон аз 60 кишвар, аз ҷумла Эрону Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд ва дар чорабиниҳо ширкат мекунанд. Масъулин, ҳадафи баргузории ҳамоишро ҷалби бештари сайёҳон, сармоягузорӣ ва муаррифии фарҳангу мероси ниёкон арзёбӣ мекунанд.

Маросим бо намоишгоҳи идонаи “Шукӯҳи Меҳргон” оғоз ёфт, ки дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва маҳсули дастони ҳунармандон ба тамошо гузошта шуда буд.

Дар маросими расмии ҳамоиш, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи ҳукумати кишвар танҳо афзоиши сайёҳон набуда, ҳамчунин ташаккули соҳаи сайёҳии рақобатпазир, устувор ва фарогир мебошад, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат кунад.

Ӯ таъкид кард, ки натиҷаҳои аз ҳамоиш бадастомада, набояд дар доираи муҳокима боқӣ монанд, балки дар ба иҷро расонида шаванд.

“Пешниҳодҳои олимону коршиносон ба ташаббусҳои мушаххас, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, барномаҳои муштараки таҳсилотӣ ва механизмҳои нави ҳамкорӣ табдил дода шаванд”,-гуфт Мансурӣ.
Дилрабо Мансурӣ. Акс аз asia+Соҳаи сайёҳӣ ба кадом мутахассисон ниёз дорад?

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм гуфт, имрӯз соҳаи сайёҳӣ ба мутахассисоне ниёз дорад, ки дар баробари донистани таъриху фарҳанги миллӣ, забонҳои хориҷӣ, усулҳои муосири идоракунӣ ва хидматрасонӣ, аз фанновариҳои рақамӣ, имкониятҳои ҳуши маснӯӣ ва талаботи байналмилалии рушди устувор низ огоҳ бошанд.

“Дар чунин шароит, донишгоҳҳо бояд ба марказҳои тадқиқоти илмӣ, тавлиди андешаҳои нав, омӯзиши мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои амалии соҳаи сайёҳӣ табдил ёбанд”, – илова кард вазири маориф.
Раҳим Саидзода.Акс аз asia+

Ӯ афзуд, ки тадқиқи илмии ёдгориҳои таърихӣ, таҳияи харитаҳо ва хатсайрҳои маконҳои сайёҳӣ, рақамикунонии мероси фарҳангӣ, истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумлаи самтҳое ҳастанд, ки ҳамкории бахши илму маориф ва истеҳсолотро тақозо мекунад.

Аз ҳамоиш чӣ интизорӣ меравад?

Фаридун Бобозода, муовини вазири фарҳанг низ дар баромади худ таваҷҷуҳ ба мероси фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллиро яке аз шартҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ном бурд.

“Маҳз мероси ғании фарҳангӣ ба соҳаи сайёҳӣ асолат ва ҷозибаи беназир мебахшад. Сайёҳӣ низ дар навбати худ ҳамчун нишондиҳандаи муаррифии тамаддуни миллӣ ва ташвиқу тарғиби арзишҳои ниёгон хидмат мекунад”,-иброз дошт номбурда.

Ӯ афзуд, ки барномаи ҳамоиши мазкур, ки минтақаҳои Тоҷикистон, аз Душанбеву Хуҷанд то Бадахшону Дарвозро фаро мегирад, барои муаррифии бештари фарҳангу мероси таърихии кишвар мусоидат мекунад.

Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, се натиҷае, ки дар ҷараёни ҳамоиш ба даст меоянд, номбар кард.

Ба қавли ӯ, ташаккули шабакаи нави илмӣ ва академӣ, афзоиши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳифз, рақамикунонӣ ва муаррифии мероси табиӣ ва фарҳангӣ аз нукоти муҳими ҳамкориҳо хоҳад буд.

“Гӯё дар ватани худ ҳастем”

Ҳамчунин, дар ҳамоиш намояндагон аз Эрон, аз ҷумла олимону пажӯҳишгарон ва устодони донишгоҳҳои ин кишвар ҳузур доштанд.

Тайибаи Раҳмонӣ, устоди Донишгоҳи адабиёти Теҳрон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Тоҷикистон тавонист арзишҳои миллӣ, ҷашнҳои ниёгон ва фарҳанги муштарак бо Эронро дар тӯли солҳо ҳифз ва дубора эҳё кунад. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги ориёӣ аст, ки ба феҳристи ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни муштараки Тоҷикистону Эрон ворид шудааст.

Тайибаи Раҳмонӣ. Акс аз asia+

Ӯ таъкид мекунад, ки маҳз ҳамин ҷашну фарҳанг ва таърихи муштарак заминаи иштироки фарҳангии ду кишварро фароҳам меоранд.

“Тоҷикистон моро ба ёди давраи Хуросони бузург меандозад, давраи ренесанси фарҳанги эронӣ аз қарни чорум то қарни шашум, давраи авҷи фарҳанги Эрони бостон. Дар воқеъ Тоҷикистон моро ба он давра мебарад ва ин хеле зебост. Шумо фарҳанги моро нигоҳ медоред, мероси ниёкони моро ба зебоӣ ҳифз мекунед. Тозагии шаҳр, наҷобати бонувон ва асолати мардони тоҷик хеле чашмгир аст”, – изҳор дошт Раҳмонӣ.

Алии Далери Рисвонӣ, узви ҳайати илмии донишгоҳи Теҳрон низ аз вижагиҳои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон пазироӣ кард.

Ӯ дар ҳамоиш дар мавзӯи “Меҳргон дар оинаи замон ва адабиёти форсӣ” баромад мекунад. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, муштаракоти фарҳангӣ ҳисси бегонагиро аз байн мебарад ва муносибати ду кишварро боз ҳам қавитар хоҳад кард.

Алии Далери Рисвонӣ. Акс аз asia+

Ӯ афзуд, ки дар ҳошияи ҳамоиши мазкур барои донишҷӯёну устодон дарсу вохӯрӣ низ мегузаронанд.

“Дар заминаи забон ва адабиёти форсӣ коргоҳҳои мухталиф баргузор мекунем ва умедворем, ки ин ҳамкорӣ дар заминаи забон ва адабиёт, ки меҳвари аслии иштироки мост, идомадор хоҳад буд”,- таъкид кард ҳамсӯҳбати мо.

Боз кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?

Ҳамоиши байнулмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” то 18-уми октябр идома мекунад. Тибқи барнома дар доираи ҳамоиш беш аз 20 чорабинии гуногун баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, рӯзҳои 14-15-уми октябр ҳамоиши байналмилалии захираҳои замину об ва амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Олмон баргузор мешавад.

Рӯзи 15-уми октябр дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор ҳамоиши байналмилали кишоварзии устувор ва сайёҳии гастрономӣ доир мегардад. Ҳамон рӯз, дар ноҳияи Дарвоз экспедитсияи илмии “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” оғоз меёбад.

Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур, ҳамчунин баргузории мизи мудаввар дар робита ба таҳсилоти соҳибкорӣ, давраҳои омӯзишии кор бо ҳуши маснӯӣ ва олимпиадаҳо миёни донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Дар Рӯзҳои кинои Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва Қирғизистон дар Душанбе кадом филмҳоро нишон медиҳанд?08.114-10-2026
2Аз таваллудхонаи №1-и Душанбе як навзод гум шудааст013.3113-10-2026
3Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар 10 рӯз беш аз 80% иҷро шудааст014.4913-10-2026
4“Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад?07.3513-10-2026
5ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд012.4912-10-2026
6Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд?08.4613-10-2026
7Боздошти як зани 49-сола бо гумони куштори шавҳари 70 – солааш016.2512-10-2026
8Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад014.5512-10-2026
9Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳринав чанд зерсохти маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва машқҳои муштараки СПАД-ро назорат кард012.2213-10-2026
10Наманганда имомларнинг хотинларидан ҳижобни ечиш талаб қилинди08.0820-08-2025

Классификация: В стране. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 9.8. Источник: news.tj.