Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳринав чанд зерсохти маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва машқҳои муштараки СПАД-ро назорат кард

Дата публикации: 13-10-2026 11:02:00

Ҳамчунин, чанд иншооти иҷтимоии дигар низ ифтитоҳ шуд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Имрӯз, 13-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав чанд бинои маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва дар намоиши тамрини махсуси “Скала-2026” ширкат кард. Ҳамчунин, дар доираи ин сафар, раисҷумҳур чанд иншооти дигари иҷтимоиву иқтисодиро дар ин ноҳия фосилавӣ ба истифода дод.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар навишт, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ифтитоҳи зерсохтҳои соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ба ин ноҳия рафтааст.

Раисҷумҳур нахуст аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-ро боздид карда, дар ин марказ бинои “Кохи наҷот”-ро ба истифода додааст.

Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Пас аз ин, Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ-ро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

“Аз ҷумла бинои маркази таълимию кинологӣ, маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагон, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона, хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ ва ҳаммом”, – навишт манбаъ.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур гуфт, ки яке аз зерсохти ин марказ машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагон мебошад. Он дар беш аз 10 ҳектар бунёд шуда, дорои 20 марҳилаи омӯзишӣ ва омодагии наҷотдиҳандагон ҳангоми офатҳои табиӣ мебошад.

Дар маркази мазкур, паноҳгоҳи мудофиаи шаҳрвандӣ низ фосилавӣ ифтитоҳ шуд. Ба навиштаи хадамоти матбуотӣ, паноҳгоҳ ҳамчун иншооти таъиноти махсус барои ҳимояи аҳолӣ дар ҳолатҳои зарурӣ пешбинӣ шуда, “мавҷудияти чунин иншоот баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва омодагӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода аҳамияти зиёд дорад”.

Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида, аз иншооти дигари ин марказ мебошад. Ин шаҳрак дар 1 ҳектар бунёд шуда, дар ҳудуди он 68 хайма барои 800 нафар ҷойгир шудааст.

Дар марказ инчунин, бо ҷалби шарикону рушд бинои нави таълимӣ бунёд шудааст, ки гуфта мешавад аз ҳуҷра бо лавозимоти омӯзишӣ иборат аст.

“Марказ имкон фароҳам меорад, ки дар ин ҷо ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии офатҳои табиӣ  ва дигар ҳолатҳои фавқулода аз омӯзиши амалӣ гузаранд”, – навишт хадамот.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо, дар намоиши тамрини махсуси “Скала-2026” бо ширкати воҳидҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи “Бартараф намудани оқибатҳои заминларзаи харобиовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат кардааст.

Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин намоиш аъзои кишварҳои СПАД, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Русия иштирок кардаанд.

Пас аз ин раисҷумҳур, 6 зерсохти дигар, аз ҷумла, бинои нави мактаби рақами 58, қасри фарҳанг, бемористони “Табиб-2013”, корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии “Файзи Осиё”, майдони варзишӣ ва як толори варзиширо дар ноҳияи Шаҳринав фосилавӣ ба истифода додааст.

Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Акс аз хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ ҲАМСАРИ МАРҲУМ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ017.3803-07-2026
2КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ 015.430-06-2026
3Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт?09.2814-10-2026
4Баҳси як падар бо омӯзгори мактаб дар Мӯъминобод ҳанӯз фурӯ нанишастааст05.5511-11-2025
5Матвиенко отметила выдающийся вклад Рахмона в укрепление Таджикистана0013-03-2025
6“Муросо кардем”. Роҳбар ва ҳунарпешаҳои Театри Бохтар гуфтанд, “ба баҳс поён додем”01013-10-2026
7Рахмон поручил улучшить изучение русского и английского языков в вузах Таджикистана0021-12-2021
8Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?09.814-10-2026
9“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 10002212-10-2026
10“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 10102213-10-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 12.22. Источник: news.tj.