Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Баҳси як падар бо омӯзгори мактаб дар Мӯъминобод ҳанӯз фурӯ нанишастааст

Дата публикации: 11-11-2025 08:07:05

Дар ноҳияи Мӯъминобод даъвои як падар бо омӯзгори мактаб ҳанӯз идома дорад. Давлатмурод Алимшоев муаллимаи мактаб Шарифамоҳ Шаҳромиро ба он муттаҳам мекунад, ки писари хурдсолаш Муборизро зада, сабаби осеб дидани сараш шудааст. Мақомоти ноҳияву мактаб мегӯянд, даъвои падар асос надорад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар ноҳияи Мӯъминобод даъвои як падар бо омӯзгори мактаб ҳанӯз ҳам идома дорад. Давлатмурод Алимшоев муаллима Шарифамоҳ Шаҳромиро ба он муттаҳам мекунад, ки писари хурдсолаш Муборизро зада, сабаби осеб дидани сараш шудааст. Мақомоти ноҳияву мактаб мегӯянд, ки даъвои падар асос надорад.

Аз ҷумла, масъулони Идораи маориф дар ноҳияи Мӯъминобод дар вокуниш ба гузориши Радиои Озодӣ навиштаанд, ки "омӯзгор хонандаи синфи якум Мубориз Раззоқиёнро назад". Давлатмурод Алимшоев, падари Мубориз, номаро дастрас кардааст ва мегӯяд, дар вокуниши мақомот “танҳо худсафедкунӣ”-ро мебинад.

Вай афзуд, “Умедҷон Давлатзода навиштааст, ки муаллима ҳеч касро назад. Ман сабти видеоӣ дорам. Дар он мегӯяд, муаллима ҳамин корро кард, узр. Дар вокуниш дигар ва дар назди ман дигар чиз мегӯяд. Сабтҳои видеоӣ дар дасти ман ҳаст.”

Қазияи Мубориз Раззоқиён дар моҳи октябр расонаӣ шуд. Волидонаш иддао карданд, ки омӯзгор ба сараш бо шаппотӣ задааст ва ӯ шонздаҳ рӯзро дар бемористон гузаронд. Шарифамоҳ Шаҳромӣ, омӯзгоре, ки иддао мешавад мактабхонро задааст, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба шогирдаш аслан даст нарасондааст. Ҳодисаро Додситонии ноҳияи Муъминобод месанҷад, аммо то ҳол хулосае надодааст.

“Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ тасдиқ кардааст, ки Мубориз рӯзи 11-уми сентябр осеб бардоштааст. Муфаттиш гуфтааст, баъди 24 соат муроҷиат карданд. Мо баъд аз ду соати ҳодиса муроҷиат карда будем. Бо вуҷуди ҳамин, гуфтааст, ки писарам осебро аз зарби даст гирифтааст ва пизишкони ноҳия дуруст ташхис мондаанд,” – гуфт Давлатмурод Алимшоев.

Мубориз пас аз табобат ба мактаб баргаштааст. Падараш мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар дарсҳо иштирок мекунад, ҳанӯз аз дарди сар шикоят дорад: "Каме асабӣ шудааст, шабҳо садо баланд мекунад, ҳоло зери назорати табибон аст. Бояд ташхис кунем, аз пайи табобаташ ҳастем.”

Падари Мубориз Раззоқиён гуфт, ӯ пештар аз даъвояш зидди омӯзгор гузашта буд, вале номаи Идораи маориф вайро ба посух гуфтан водор кард, "чун муҳтавояш дуруст нест". Вай ҳоло посухи додситониро мунтазир аст. "Баъди он тасмим хоҳам гирифт, ки дубора шикоят кунам ё на," – афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Даъвои падар бо муаллима дар Мӯъминобод идома дорад06.2711-11-2025
2"Ду кас афв шуд." Ҳукми чанд милисаи муттаҳам ба марги як сокини Кӯлоб06.2928-07-2026
3Выступление врио председателя ДУМ РФ Д.Мухетдинова на международной конференции к 690-летию Тамерлана в Ташкенте07.9809-04-2026
4"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
5Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
6Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ07.2306-08-2026
7Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст05.622-11-2025
8"Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд010.6819-08-2026
9"Гуфтанд, мурда-мурда меравӣ." Даъво барои чанд бино дар Хуҷанд011.412-08-2026
10"Хонаву роҳ месозанд." Эътирофи саҳми муҳоҷирон дар ободонии зодгоҳашон08.0318-12-2025

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 5.55. Источник: www.ozodi.org.