Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Дар Суғду Хатлон 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Порлумон қарзи 20 миллион долларии Кувайтро тасвиб кард

Дата публикации: 12-10-2026 11:00:00

Ҳукумат барои ин лоиҳа аз буҷет 4,5 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар вилоятҳои Суғду Хатлон бо 20 миллион доллар қарзи Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб 13 мактабро таъмиру бунёд мекунанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи қарзии марбутаро дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр тасдиқ кардаанд ва матни онро рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи порлумонии кишвар мунташир кардааст.

Ба иттилои манбаъ,Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, дар ҳузури вакилон гуфтааст, ки маблағи умумии созишнома 20 миллион доллар аст ва он пурра аз қарзи имтиёзнок иборат мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аз ҳисоби худ боз 4,5 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

“Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ, қонеъ гардони дани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии чанд муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад”, – тавзеҳ додааст вазир.

Қаҳҳорзода афзудааст, ки дар доираи лоиҳа сохтмон ва навсозии 13 муассисаи таҳсилотӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пешбинӣ шудааст. Рӯйхати муассисаҳо ва ноҳияҳои мушаххас дар гузориши ҷаласа нест.

Ҳукмиддин Сафарбекзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки татбиқи он аз соли 2026 оғоз мегардад ва то соли 2030 идома меёбад.

Муҳлати бозпардохт ва фоизи қарз на дар хабари Вазорати молия, ки “Азия-Плюс” навишта буд ва на дар гузориши ҷаласа зикр нашудааст. Фақат маълум аст, ки қарз “имтиёзнок” аст.

Вакилон ба маърӯзачиён савол надодаанд ва қарор бо овоздиҳии якдилона тасдиқ шудааст.

Норасоии мактабҳо дар бархе минтақаҳои кишвар яке аз мушкилоти ҷиддии бахши маорифи кишвар дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон як далели норасоии мактабҳо ва ҳамчунин ҷойи нишаст дар бархе мактабҳоро афзоиши босуръати аҳолӣ унвон мекунанд.

Мактабҳои нав дар Тоҷикистон бо кумаки хориҷӣ пештар ҳам сохта шуда буданд. Аз ҷумла, рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ Сафорати Ҷопон анҷоми сохтмони мактаби нав дар ноҳияи Носири Хусрави Хатлонро эълон кард. Соли 2023 Фонди рушди Арабистони Саудӣ мактаби наверо дар ноҳияи Шаҳринав кушода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад014.5512-10-2026
2ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд012.4912-10-2026
3Рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иди тарбузу харбуза ва кадуву оши палав маълум шуд07.914-10-2026
4Подрядчик заплатит за срыв госзаказа на постройку в астраханском лагере0001-07-2025
5Боздошти як зани 49-сола бо гумони куштори шавҳари 70 – солааш016.2512-10-2026
6МИД РФ заявил, что ЕС выделил на военное содействие Киеву около €13 млрд0012-04-2023
7ООН направит дополнительные $4,5 млн на гуманитарные нужды в Газе0021-05-2021
8“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 10002212-10-2026
9Прокуратура на Камчатке взыскала с организатора подпольного казино почти 16 млн рублей018.3324-08-2026
10Кабмин сконцентрировал для национальных целей развития около 13 трлн рублей ежегодно0008-09-2021

Классификация: В стране. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 19.63. Источник: news.tj.