Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр хост

Дата публикации: 14-10-2026 04:00:00

Сафари ӯ дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Михаил Галустян, ҳунарпешаи арманитабори Русия, ки сафараш дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд, бо гузашти ду ҳафта аз тоҷикистониён узр хост.

Ӯро дар Тоҷикистон барои иҷрои нақши Равшан, ки навъе таҳқиркунандаи муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, интиқод мекунанд ва ҳатто даъват шуда буд, ки сафари ӯ ба шаҳри Душанбе лағв ва худаш мамнуъулвуруд эълом шавад.

Навореро, ки дар он Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад, Олег Самсонов, роҳбари ширкати “TAS International Group” рӯзи 13-уми октябр дар саҳифаи худ дар Инстаграм нашр кард. Маҳз ҳамин ширкат ҳунарпешаро ба Душанбе даъват карда буд. Дар саҳифаи худи Галустян ин навор то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ки ангезаи пас аз гузашти ду ҳафта сабт ва нашр кардани навори узрхоҳии ҳунарманд чӣ аст ва чаро онро худи ҳунарманд нашр накардааст.

Галустян дар навор мегӯяд, агар нақшҳояш боиси озурдагии касе шуда бошанд, самимона пушаймон аст ва аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад.

“Агар корҳо анҷомдода ва нақшҳое, ки қаблан бозидаам, боиси озурдагии касе шуда бошад, ё сабаби норозигиҳо аз сафарам ба Тоҷикистон шуда бошанд, аз ин самимона афсӯс мехӯрам ва аз шумо сидқан узр мехоҳам. Аз тамоми мардуми тоҷик узр мепурсам”, – гуфтааст Галустян.

Ба гуфтаи Галустян, ӯ бори нахуст ба Душанбе омад ва зебоии шаҳр, меъмории пойтахт, меҳмоннавозии мардум ва суръати рушди Тоҷикистон ӯро сахт мутаассир кард. Ин сафар, ба қавли ӯ, тасаввуроташ дар бораи Тоҷикистонро куллан дигар кардааст.

“Сафарам ба Тоҷикистон маро водор кард, ки дар бораи таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи мардуми шумо амиқтар андеша кунам. Дар рагҳои мардуми тоҷик хуни шахсиятҳои бузурги таърихӣ, монанди Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ, олимону шоирони ҷаҳоншумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино ва бисёр мутафаккирони дигар ҷорист, ки осорашон ба мероси тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”, – мегӯяд ӯ.

Дар поён ӯ аз мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ, эҳтиром ва меҳре, ки ба меҳмонон доранд, сипос гуфта, афзуд, ки ин сафарро бо гармӣ ба ёд хоҳад овард.

Михаил Галустян Галустян рӯзи 30-юми сентябр дар чорабинии пӯшидае, ки “TAS International Group” барои муштариён ва шарикони худ баргузор кард, иштирок карда буд. Ин ширкати сохтмонӣ, дар ҷойи собиқи “Бозори сабз” маҷмааи “Dushanbe International District”-ро бо баландтарин бинои пойтахт месозад.

Барномаи ҳаҷвии “Наша Russia” солҳои 2006–2011 аз шабакаи ТНТ-и Русия пахш мешуд. Дар он ду муҳоҷири корӣ, Равшан ва Ҷамшуд, нодону бесавод тасвир шуда буданд. Он вақт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия нотаи расмӣ фиристод ва фурӯши дискҳои филм дар кишвар манъ шуд. То имрӯз Галустян ба интиқодҳо аз Тоҷикистон посух намедод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1ВКХ: Дар миёни зарардидагон аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд012.4912-10-2026
2«Я искренне сожалею об этом»: Михаил Галустян извинился перед жителями Таджикистана — что он натворил 07.0914-10-2026
3"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"06.0802-06-2026
4“Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад?07.3513-10-2026
5Харитаи сафари бераводид ба Эрон. Аз Душанбе то Теҳрон бо кадом масирҳои заминӣ метавон рафт?07.914-10-2026
6"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
7Вазир: Тоҷикистон барои 60 рӯз захираи сӯзишворӣ дорад09.4410-07-2026
8Вазорати нақлиёт гуфт, ки васеъсозии роҳ ва сохтмони “эстакада” дар хиёбони Саъдии Шерозӣ кай шуруъ мешавад01014-10-2026
9“Аз соли 1995 ба самти худкомагӣ ҳаракат кардем”010.4222-08-2026
10Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 8.19. Источник: news.tj.