Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Аз Далери Имомалӣ то Аҳмади Иброҳим. Кӣ кай озод мешавад?

Дата публикации: 23-06-2026 11:31:23

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.

Основное содержимое страницы с новостью.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.

Баъзе аз онҳо соли 2022 боздошт ва бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ, ки худашон эътироф накардаанд, аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ шудаанд.

Рухшона Ҳакимова соли 2025 бо гуноҳи ба гуфтаи мақомот “хиёнат ба давлат” ҳашт сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ин банди қонуни ҷиноӣ шомили афв намешавад, аммо ҳукми ӯро барои зан буданаш се сол поин овардаанд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳеч вақт иттиҳомро эътироф накарда, ҳабси ӯро дорои ангезаи сиёсӣ донистаанд. Наздикони ин хабарнигор умед доштанд, ки ӯ бар асоси қонуни афв озод ва ба назди ду фарзанди хурдсолаш бармегардад.

Завқибек Саидаминӣ

Завқибек Саидаминӣ

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Завқибек Саидаминӣ баъди се сол кам шудани ҳукми зиндонаш, 18-уми июли имсол яъне баъди камтар аз як моҳи дигар озод хоҳад шуд. Саидаминӣ соли 2022 ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Абдулло Ғурбатӣ

Абдулло Ғурбатӣ

Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори дигари зиндонӣ бо се сол кам шудани муҳлати зиндонаш, охири моҳи декабри имсол раҳо хоҳад шуд. Додгоҳ Ғурбатиро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум карда буд.

Хуршед Фозилов

Хуршед Фозилов

Наздикони Хуршед Фозилов рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се сол ҳабси ин хабарнигор кам шуда, дар назар аст, ӯ моҳи марти соли оянда аз зиндон озод шавад. Додгоҳи шаҳри Панҷакент соли 2023 Фозиловро ба 7 сол зиндон маҳкум карда буд.

Далери Имомалӣ

Далери Имомалӣ

Ба гуфтаи пайвандонаш, аз 10 солу 4 моҳ ҳукми зиндони Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷик низ се солашро кам кардаанд.

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар шаҳри Кӯлоб низ се сол барвақттар озод мешавад. Ин рӯзноманигор соли 2024 ба 10 солу 4 моҳ зиндон маҳкум шуда буд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Дар бораи шомили қонуни афв шудан ё нашудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори дигари тоҷик, блогер Хушом Ғулом ва Улфатхонум Маҳмадшоева маълумоти дақиқ дар даст нест. Аммо ин хабарнигорон низ мисли аксар рӯзноманигорони зиндонӣ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ ё узвият дар созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд. Қонуни афв то се сол кам кардани ин моддаро пешбинӣ кардааст.

Улфатхонум Мамадшоева

Улфатхонум Мамадшоева

Қонуни нави афв, ки рӯзи 16-уми июни имсол эълон шуд, зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, беш аз 11 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои зиёда аз 6 ҳазор тани дигар кам мегардад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаанд06.6204-06-2026
2Аз табобати ройгон то ҳуқуқҳои сиёсӣ. Қонуни нав ба маъюбон чӣ медиҳад?07.5111-05-2026
3"Бахудо аз беобӣ шукуфтааст". Шикояти пахтакорони Фархор аз тақсими об05.7909-08-2026
4Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
5Ҳамсари Далери Имомалӣ: “Орзу дорем, зудтар ба хона баргардад”06.9428-07-2026
6Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ07.2306-08-2026
7Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
8Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико05.4809-07-2026
9Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад05.0808-07-2026
10Иштироки беш аз 100 ҳазор ҷавон дар "маршировка" дар Тоҷикистон05.6815-07-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.6. Источник: www.ozodi.org.