Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико

Дата публикации: 09-07-2026 15:05:06

Элизабет Стикни, сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаи нишасти раҳбарони НАТО дар Туркия ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаро хулоса кард.
Ӯ рӯзи 9-уми июл гуфт: "Ба қавли президент Доналд Трамп, нишасти НАТО бисёр муваффақ буд. Мо мехостем, ки кишварҳои узв харҷи дифоиашонро афзоиш бидиҳанд ва ҳамаи онҳо тааҳҳуд карданд, ки ҳазинаҳои дифоиашонро бештар мекунанд."
Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки дар ин ҷаласа, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, дар робита бо ислоҳоти стратегии ояндаи НАТО иттифоқи назаре ба даст омад?
Элизабет Стикни: "Эътилофи НАТО бояд ба ҳар навъ таҳдид омода бошад. Муҳим аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф мо бештар ҳамкорӣ кунем. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои узви НАТО ба ин ҳамкорӣ тааҳҳуд карданд."
Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузаша дар Вашингтон ҷаласаи муҳими вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ИМА - Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио барпо шуд. Изҳороти расмиро мо дидем, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан дар ин гуфтугӯҳо муҳимтарин бахш буд ва аз ҷумла, баъзе матолибе ҳам нашр шуд, ки тарафҳо дар заминаи истихроҷи сурма ба мувофиқате омаданд. То куҷо ин дуруст аст?
Элизабет Стикни: "Вақте дар бораи Тоҷикистону Амрико сӯҳбат мекунем, мо дар бораи фурсатҳои ҳамкорӣ гап мезанем. Ва ҳамон қисме, ки шумо гуфтед, ҳафтае пеш вазири корҳои хориҷӣ оқои Рубио бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вашингтон дидор кард. Онҳо дар мавриди густариши фурсатҳо сӯҳбат карданд. Кишварҳои мо ба густариши ҳамкории тиҷҷорӣ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории беҳдоштӣ алоқаманд ҳастанд. Ва ҳам мавзӯи маъданҳо матраҳ шудааст. Вале беҳтар аст, ки дар мавриди ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо сӯҳбат накунам."

Основное содержимое страницы с новостью.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
2"Салом аз Трамп". Тоҷикистон дар моварои низои ИМА ва Эрон09.0304-05-2026
3Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
4“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
5Трамп допустил, что не приехал бы на саммит НАТО, если бы он был не в Турции-2307-07-2026
6Трамп признался в разочаровании НАТО-3507-07-2026
7Аз Далери Имомалӣ то Аҳмади Иброҳим. Кӣ кай озод мешавад?07.623-06-2026
8"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина06.8913-03-2026
9Former NATO commander urges bloc to give Trump ‘timeout’0510-07-2026
10Bloomberg: роль Турции в НАТО выросла на фоне разногласий США и Европы0502-07-2026

Классификация: Международные. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 5.48. Источник: www.ozodi.org.