Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Бахудо аз беобӣ шукуфтааст". Шикояти пахтакорони Фархор аз тақсими об

Дата публикации: 09-08-2026 07:05:01

Баъзе деҳқонони ноҳияи Фархор аз камбуди об ва нодуруст тақсим кардани он дар мавсими нашъунамои пахта шикоят доранд. Ин деҳқонон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, киштзори пахта пеш аз вақт ва аз беобӣ шукуфтааст.

Основное содержимое страницы с новостью.

Баъзе деҳқонони ноҳияи Фархор аз камбуди об ва нодуруст тақсим кардани он дар мавсими нашъунамои пахта шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, мушкил бартараф шудааст.

Деҳқонон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, киштзори пахта пеш аз вақт ва аз беобӣ шукуфтааст. Ин пахтазорон дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор ҷойгиранд. Онҳо мехушканд. Аммо киштзорони паҳлуяш сабзу хурраманд.

Рустам, яке аз ин деҳқонон гуфт, "бахудо аз беобӣ шукуфтааст. Нигоҳ кунед аз роҳ он тараф 65 гектар аст, ҳама кабуд аст. Об аз 65 гектар ин тараф намегузарад. Ба меъёр кардагӣ ҳастанд".

Видеоро инҷо бинед:

Пахтакорон аз тақсими ноодилонаи об шиква доранд. Мегӯянд, ҳатто шабҳо сари замин меистанд, то навбати об ба онҳо ҳам расад, вале чунин намешавад. Дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии Фархор иқрор карданд, ки то 20 рӯз пеш чунин мушкил вуҷуд дошт, вале ҳоло ҳал шудааст. Сарвари ин идора иддаои тақсими нодурусти обро байни кишоварзон рад мекунад.

Наҷибулло Ҳусайнов, роҳбари Идораи беҳдошти замин ва обёрии Фархор гуфт, "тақсими обро худи деҳқонон нодуруст мекунанд. Мақсад ман обро гирифтам, об рафтан гирад".

Об ба ин ҷо дар ҷӯйборҳои бетонӣ меояд. Аксари онҳо сохти даврони Шӯравиянд. Шикофу рахнаҳо ба талаф ёфтани об сабаб мешаванд. Замоне пахтазорони ин ҷо бо номи Уртабуз маъруф буданд ва бо обкаш ё насосҳо обёрӣ мешуданд.

Ин бори аввал нест, ки деҳқонони Фархор аз норасоии об шикоят мекунанд. Шикояти онҳо ҳар сол бо омадани фасли гармо ба гӯш мерасад. Деқонон мегӯянд, ки аз раиси ҷамоат сар карда, то дигар сохторҳо вазъро медонанд. Аммо тағйире рух намедиҳад ва кишварзони поёноб қариб ҳамеша бо ин мушкил рӯбарӯянд.

Шикояти кишоварзони тоҷикистонӣ аз камбуди об дар мавсими парвариши зироат тақрибан ҳар сол садо медиҳад. Дар гузашта айни ин мушкил дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам пеш омада буд.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст ва мушкилии обёриву дигар хароҷот барои деҳқонон аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаанд06.6204-06-2026
2Аз Далери Имомалӣ то Аҳмади Иброҳим. Кӣ кай озод мешавад?07.623-06-2026
3Аз табобати ройгон то ҳуқуқҳои сиёсӣ. Қонуни нав ба маъюбон чӣ медиҳад?07.5111-05-2026
4Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
5Таҳхонаи биноҳои баландошёнаро паноҳгоҳ мекунанд04.8806-08-2026
6Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
7Аз марги овозхон Баҳром Ғафурӣ шаш сол гузашт. Вай имсол 50-сола мешуд06.808-08-2026
8Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026
9Валентина Чупик: Мехоҳанд вонамуд кунанд, ки Русия орӣ аз миллатгароӣ аст06.6424-12-2025
10Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад06.602-03-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 5.79. Источник: www.ozodi.org.