Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳарчанд бо таъхир буд, аммо расона гоми муҳиме бардошт.
Азиз Бориз, роҳбари маркази мутолиоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, роҳандозии бахши форсии хабаргузории “Азия-Плюс”-ро қадами муҳим ва роҳбурдӣ хонд ва таъкид кард, ки ин кор ба иттиҳод ва шинохти форсизабонони дунё аз Тоҷикистон кумак мекунад.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ ва умури байналмилалӣ, ки бо як сафар ба Тоҷикистон омада буд, меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва дар як суҳбати вижа таъсиси бахши форсии ин расонаро табрик ва чанд пешниҳоди дигарро барои рушди ин бахш ироа кард.
Ӯ боз чӣ гуфт ва чӣ пешниҳод кард, дар навори зер бинед:
Азиз Бориз сиёсатмадор, ҳуқуқшинос ва дипломат аз Афғонистон аст, ки ба ҳайси коршиноси масъалаҳои роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ шинохта шудааст. Ӯ Донишгоҳи Кобули Афғонистонро хатм карда, мадраки баъдидипломию доктории худро аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифта, як давраи таҳқиқотиро дар Мактаби иқтисоди Лондони Бритониё сипарӣ кардааст. Азиз Бориз солҳо дар ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҷумла 10 сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси дипломат кор кардааст. Пас аз бозгашти Толибон* ба қудрат дар Афғонистон, ӯ ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ (CACASS), ки қароргоҳаш дар пойтахти Бритониё, Лондон аст, фаъолият мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ | 0 | 7.23 | 06-08-2026 |
| 2 | Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст | 0 | 9.01 | 15-05-2026 |
| 3 | Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад” | 0 | 7.95 | 15-07-2026 |
| 4 | “Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус | 0 | 6.38 | 19-08-2026 |
| 5 | КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд | 0 | 17.94 | 13-06-2026 |
| 6 | "Хонаву роҳ месозанд." Эътирофи саҳми муҳоҷирон дар ободонии зодгоҳашон | 0 | 8.03 | 18-12-2025 |
| 7 | “Муросо кардем”. Роҳбар ва ҳунарпешаҳои Театри Бохтар гуфтанд, “ба баҳс поён додем” | 0 | 10 | 13-10-2026 |
| 8 | Ҳалуашь еиҭеиҳәеит Жәлар Реизара ааԥынтәи асессиа алҵшәақәа зеиԥшроу | 0 | 7.79 | 06-08-2026 |
| 9 | В Узбекистане пророссийского блогера приговорили к четырем годам и двум месяцам колонии по обвинению в клевете и возбуждении вражды | 0 | 9.63 | 12-08-2026 |