Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд

Дата публикации: 13-06-2026 08:02:58

Новобаста аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ мутаасифона чунин амал аз ҷониби кӯдакон ва наврасон такрор мегарданд.
Чунончӣ рӯзҳои 12 ва 13 июни соли 2026 дар канали «Мирҷӯи-1»-и ноҳияи Зафаробод ду ҳодисаи фоҷиабори ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо ду навраси ноболиғ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд.
Ноболиғон:
• Мамадқулов Бобур Анварович соли таваллудаш 2010, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Кӯруш, кӯчаи Ибни Сино.
• Мамадқулов Теҳрон Шокирович соли таваллудаш 2010, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Кӯруш, кӯчаи Ваҳдат.
Баъди дастрас гардидани хабар, наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро анҷом доданд. Дар натиҷа ҷасадҳои ҳалокшудагон дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми истироҳат ва оббозӣ қатъиян риоя намоянд. Дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбининашуда ва хавфнок оббозӣ накунед, инчунин кӯдакону наврасонро бе назорат дар назди обанборҳо нагузоред.
Муҳтарам падару модарон!
Дар давраи таътили тобистона ба бехатарии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳед. Бо онҳо оид ба хатари оббозӣ дар каналҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода фавран ба рақами ягонаи ёрии таъҷилӣ — 112 занг занед ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баред, ки тавассути он метавон маълумот ва макони ҳодисаро ба хадамоти наҷотдиҳӣ ба таври фаврӣ ирсол намуд.
Ҳаёт ва саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз намоед.
Риояи одитарин қоидаҳои бехатарӣ метавонад ҷони инсонро наҷот диҳад.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.барчасп: Ахбори рӯз

Основное содержимое страницы с новостью.

Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026016.710-04-2026
2 Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид015.5513-06-2026
3КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД018.0911-07-2026
4КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ ҲАМСАРИ МАРҲУМ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ017.3803-07-2026
5КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026016.1813-07-2026
6КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА 018.2602-07-2026
7КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ 015.430-06-2026
8КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд016.811-04-2026
9КҲФ-Хатлон: Наҷотдиҳандагон 3 шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд020.9814-06-2026

Классификация: Происшествия. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 17.94. Источник: www.khf.tj.