Шаҳрвандон Қосимов Ф., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ёрзоди А., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Зиёев М., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи Абдураҳмони Ҷомӣ, санаи 13-июни соли 2026 тахминан соатҳои 21:25 дақиқа ҳангоми истироҳат кардан дар соҳили дарёи Вахш ва баланд шудани сатҳи оби дарё дар муҳосираи об мемонанд. Яъне аз чор тараф оби дарё баланд гардида, (дар даруни дарё) дар болои санг дар мемонанд.
Баъди гирифтани хабари фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамалӣ наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон тахминан соати 22:40 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, бо истифода аз дастгоҳу лавозмоти махсуси наҷотдиҳӣ ва ғаввосӣ шаҳрвандонро аз муҳосираи об ва ғарқшавӣ наҷот доданд.
Ёдовар мегардем, ки дар ин давраи мавсими шиноварӣ аллакай наҷотдиҳандагони Кумита 9 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ёддовар мегардем, ки қаблан наҷотдиҳандагон 6 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот дода будаанд
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат менамояд, ки худсарона дар мавзеҳои мамнӯъ ва хатарнок ба истироҳату фароғат ҷалб нагарданд.
барчасп: Ахбори рӯзРаёсати ХатлонНаҷот
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд | 0 | 16.8 | 11-04-2026 |
| 2 | КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ | 0 | 17.35 | 12-06-2026 |
| 3 | Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид | 0 | 15.55 | 13-06-2026 |
| 4 | КҲФ-ВМКБ: ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ | 0 | 18.94 | 02-07-2026 |
| 5 | КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА | 0 | 18.26 | 02-07-2026 |
| 6 | КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026 | 0 | 16.18 | 13-07-2026 |
| 7 | КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026 | 0 | 16.7 | 10-04-2026 |
| 8 | КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД | 0 | 18.09 | 11-07-2026 |
| 9 | КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд | 0 | 17.94 | 13-06-2026 |
| 10 | КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ | 0 | 15.4 | 30-06-2026 |