Дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ лулиён ё ҷугиҳо нафақат дар ободонии маҳал саҳм мегиранд, балки дар айёми даъват ба артиш пешсафанд. Пештар сокинони онро ба талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ ва бесанадӣ танқид мекарданд.
Дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ лӯлиён ё ҷугиҳо нафақат дар ободонии маҳал саҳм мегиранд, балки дар айёми даъват ба артиш пешсафанд. Пештар сокинони онро ба талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ ва бесанадӣ танқид мекарданд. Ҳоло мақомоти ноҳия мегӯянд, ки тарзи зиндагии лӯлиён ё ҷӯгиҳо дигар шудааст.
Онҳо нафақат дар ободонии маҳал саҳм мегиранд, балки дар айёми даъват ба артиш пешсафанд ва сатҳи саводашон низ каме боло рафтааст.
Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти хабарие гуфт, “дар варзишгоҳ аз ҳама коргарони зиёд аз ҳисоби ҳамонҳо буд. Ба хидмати ҳарбӣ қатор мешаванд. Парчам дар дасташон мегӯянд, ки мо ба хидмат меравем.”
Ишораи Ҷамшед Шарифзода ба сохтмони Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ аст, ки дар деҳаи Заркорон ҷойгир буда, 22 ҳазор касро меғунҷонад. Онро бо 69 миллион сомонӣ (7,4 млн доллар) аз соли 2017 то 2025 сохтаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Лӯлиён дар ноҳияи Восеъ барои тамрини футбол майдони алоҳида ва дастаи худро доранд. Мегӯянд, гоҳе бо лӯлиёни шаҳру ноҳияҳои дигар вориди мусобиқа мешаванд.
Икром, як футболбози тими лӯлиҳо мегӯяд, “ба шаҳри Турсунзода рафта, бозӣ кардем. Дар шаҳри Ваҳдат ва ҳатто дар Душанбе бозиҳои худро анҷом додем. Мехоҳем, ки варзишгари хуб бошем ва дар дастаи “Ҳулбук” низ ҳунарнамоӣ кунем.”
Деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ яке аз маҳалҳои калонтарини лӯлиён ба ҳисоб меравад. Ҳоло Варзишгоҳи марказӣ, майдони парчаму нишон ва чанд иншооти дигари ноҳия дар инҷо ҷойгир аст.
“Худашон дар кӯчаҳо санг рехта, ҳамвор карданд. Инҳо низ ба 250 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ шомил мешаванд ва онҳо низ инсон ҳастанд. Мо ҳамавақт дастгириашон мекунем. Имсол хонандаҳояшон дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" ширкат карданд", - мегӯяд раиси ноҳияи Восеъ.
Лӯлиҳо ё ҷӯгиҳо дар Тоҷикистон бештар дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдату Панҷакент ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Восеъ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд. Теъдоди онҳо на камтар аз 15 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Дар гузашта баъзе аз коршиносону намояндагони созмонҳои хориҷӣ аз вазъи лӯлиён дар Тоҷикистон, аз ҷумла дур мондани фарзандони онҳо аз таҳсил ибрози нигаронӣ карда буданд.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | "Хонаву роҳ месозанд." Эътирофи саҳми муҳоҷирон дар ободонии зодгоҳашон | 0 | 8.03 | 18-12-2025 |
| 2 | "Гуфтанд, мурда-мурда меравӣ." Даъво барои чанд бино дар Хуҷанд | 0 | 11.4 | 12-08-2026 |
| 3 | "Дар Русия мушкилӣ зиёд аст, вале дар ватан интихоби беҳтаре нест" | 0 | 6.33 | 31-07-2026 |
| 4 | Манобеъ: "Сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд" | 0 | 5.52 | 14-08-2026 |
| 5 | Gundekî Hesekê bi Derfetên Sînordar Qehremanîyeke Futbolê Lidar Dixe | 0 | 6.32 | 22-08-2026 |
| 6 | Деҳаи ташналабу дурдасти Данғара батадриҷ обод мешавад | 0 | 9.25 | 30-11-2025 |
| 7 | "Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё | 0 | 8.1 | 30-04-2026 |
| 8 | "Гуфт, ҷойи пулро нагӯйӣ, мекушам." Омилони марги ду мардро ҳанӯз наёфтаанд | 0 | 10.68 | 19-08-2026 |
| 9 | Занозанӣ дар "Арбоб". Як кас боздошт шудааст, дигарон дар куҷо? | 0 | 8.4 | 07-08-2026 |
| 10 | “Ташакурнома ёздириб олишдию, лекин болалар пулини уриб қолишди” | 0 | 10 | 16-09-2020 |