Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Одамони муаллақ". Чаро баъзе биноҳо дар Душанбе санад надоранд?

Дата публикации: 03-08-2026 15:08:27

Сокинони як бинои навбунёд дар кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе худро "мардуми муаллақ" ном кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳар моҳ ҳаққи хидматрасонии барқу об, гармӣ, партовкашонӣ ва андозро месупоранд, аммо аз соли 2018 ба ин сӯ ҳуҷҷатҳои хонаро гирифта наметавонанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Сокинони як бинои навбунёд дар кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе худро "одамони муаллақ" ном кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳар моҳ ҳаққи хидматрасонии барқу об, гармӣ, партовкашонӣ ва андозро месупоранд, аммо аз соли 2018 ба ин сӯ ҳуҷҷатҳои хонаро гирифта наметавонанд. Кумисюни давлатӣ ҳанӯз ба истифодаи бино иҷоза надодааст.

"На ба духтур рафта метавонем, на ба мактаб"

Мадинабону Юсуфова

Мадинабону Юсуфова

Мадинабону Юсуфова, сокини бинои баҳсӣ дар кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми июл гуфт, "ба ҳар куҷо равем, ҷойи қайд (маҳалли сабтином) мепурсанд. Душворӣ дар ҳамин аст. На ба духтур рафта метавонем, на ба мактаб ва кӯдакистон. Гуё, мо муаллақем."

Мадинабону ва ҳамсояҳояш гуфтанд, ки бо пули худашон ба бино хати обу барқ оварда, роҳравҳоро таъмир, гирду атрофи биноро обод ва ба даромадгоҳи бино дарвоза насб карданд. Соҳибони ин хонаҳо ҳамзамон бо мушкили дигар низ рӯбарӯянд.

Шаҳло Хайруллоева мегӯяд, "аз ҳамин бино безор шудам. Ман хонаро ба фурӯш гузоштам. Харидорон меоянд. Мегӯянд, ки бино ҳуҷҷат надорад. Фурӯхта намешавад. Азбаски ҳуҷҷат надорад, хонаи моро кӣ мегирад?"

Шаҳло Хайруллоева

Шаҳло Хайруллоева

Мушкилӣ ба баҳси миёни фармоишгари сохтмон Фазлиддин Нахшов ва раиси ширкати бинокори “Анд”, Шамсиддин Набиев, пайванд доштааст. Ба нақли сокинон, Нахшов намехоҳад, ба санадҳое, ки кумисюни давлатӣ бибинад, имзо гузорад.

Ин ду масъули бино ба зангҳои батакрори хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надоданд.

Давлат Назаров, раиси Ҷамъияти соҳибони манзили ин бино, гуфт, “соли 2018 сокинон ба хонаҳои нав даромаданд. Дар ҳамин байн, соли 2020, соҳиби бино бедарак шуд. Баъд фаҳмидем, ки дар зиндон аст. Аз соли 2023 то ҳозир фармоишгари бино Фазлиддин Нахшов коғазҳоро имзо намекунад. Баъзе корҳое будааст, ки бояд ҳамроҳи соҳибкор бинад. Соҳибкор аз зиндон баромад, вале се сол боз як имзоро гирифтан наметавонем.”

"Мардум мегӯянд, мо ҷойи зист надорем"

Дар шаҳри Душанбе 22 бино ҳамин мушкилро доштаанд. Шаҳрдории Душанбе биносозону сокинонро гунаҳкор дониста, масъулиятро низ ба дӯши онҳо гузошт.

Бахтиёр Шарифӣ

Бахтиёр Шарифӣ

Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми шаҳрдори Душанбе, гуфт: “Тибқи талаботи қонунгузорию шаҳрсозӣ, бояд аз комиссияи корӣ, аз комиссияи давлатӣ гузашта, баъд истиқоматро дар он бино сар мекарданд. Лекин мардум мегӯянд, мо макони зист надорем. Соҳибкор мегӯяд, ман имконияти додани иҷорапулӣ надорам, вазъи молиям бениҳоят вазнин. Сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дахолат карда наметавонанд, зеро шумо аллакай он ҷо зиндагӣ доред.”

Аксар сокинони ин биноҳо мегӯянд, солҳост ба мақомоти гуногун муроҷиат мекунанд, аммо номаҳояшон аз як ниҳод ба ниҳоди дигар равона мешаваду мушкил боқӣ мемонад.

Мушкили биноҳои навсохт дар Душанбе ва шикоятҳо аз онҳо зиёд аст. Танҳо дар ним соли ҷорӣ дар кори ширкатҳои бинокорӣ дар Тоҷикистон 3700 камбудӣ ошкор шуда, моликони онҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1"Тирезаҳоро шикастанд." Баҳси сокинон бо як ширкати бинокор дар Душанбе08.7927-07-2026
2Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ07.2306-08-2026
3Сокинон гуфтанд, "барқ омад", аммо сабаби қатъи он норӯшан монд08.1814-08-2026
4ВКД гуфт, се нафарро барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт кардааст07.4222-08-2026
5Муҳоҷирон то даҳ рӯзи дигар бояд “Амина” дошта бошанд07.0121-08-2026
6"Очаҷон, маро бубахш". Охирин суханони сарбоз пеш аз ҷаҳидан ба дарё08.130-04-2026
7Даъват дар Қирғизистон: арақро бирез, то дигарон нанӯшанд06.6608-08-2026
8"Шаффоф нест." Тоҷикистон кадом бахши буҷаро пинҳон медорад?09.0321-08-2026
9Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд09.0104-05-2026
10"Асри мо" дар Хуҷанд "Ҷумъабозор"-ро аз худ кардааст. Чӣ гуна?07.9529-07-2026

Классификация: В стране. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 10.76. Источник: www.ozodi.org.