Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Дар Нуробод қазияи латукӯби омӯзгорро таҳқиқ мекунанд

Дата публикации: 22-05-2026 06:37:26

Муфаттишон дар ноҳияи Нуробод ба таҳқиқи қазияи латукӯби як омӯзгор оғоз кардаанд, ки видеои муроҷиати ӯ хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Основное содержимое страницы с новостью.

Муфаттишон дар ноҳияи Нуробод ба таҳқиқи қазияи латукӯби як омӯзгор оғоз кардаанд, ки видеои муроҷиати ӯ дар Радиои Озодӣ хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди гумонбар ба латукӯбро “ба идораи милиса овардаанд ва бозпурсӣ идома дорад”. Ба қавли ӯ, омӯзгорро дигарбора барои муоинаи тиббии додгоҳӣ бурдаанд ва баъди гирифтани натиҷаи ташхис нисбат ба фарди гумонбар чора андешида мешавад.

Омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов идда дорад, ки бародари яке аз шогирдонаш ӯро латукӯб ва ҳам таҳдиди куштан кардааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби бадрафторӣ бо ӯ танҳо сарзаниши хонанда барои гапгардонӣ будааст.

Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, баъди ин бародари шогирдаш ӯро ба мошин савор карда, бо мушту лагад заданд ва таҳқир карданд. Дар видеои сӯҳбати муаллим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук васеъ паҳн шудааст, ӯ мегӯяд, фарде, ки ба ӯ дарафтод, ҳамчунин гуфтааст, “падару модаратро фалон мекунам” ва сипас “ба рӯям туф кард.”

Ташхиси тиббӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кардааст. Касе, ки ӯро латукӯб кардааст Миралӣ Орзуев, соҳибкор будааст. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд.

Нашри ин хабар дар Радиои Озодӣ вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бисёре аз корбарон талаб карданд, ки фарди гумонбар ба латукӯби омӯзгор сахт ҷазо гирад.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод дар вокуниш ба ин қазия навишт, ба хонаи омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов рафта, ба ӯ кӯмак кардаанд. Аммо дар вокуниши идораи маориф дар бораи муҷозоти шахси гумонбар чизе гуфта нашудааст.

Шикояти муаллим аз латукӯб шуданаш дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон қонун “дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд. Ҳадаф аз ин қонун “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо” гуфта шуд.

Шикоят аз вазъи бади маорифи Тоҷикистон, музди кам дар соҳа, беқадрии муаллим, бадрафторӣ бо омӯзгор дар мактаб солҳо боз идома дорад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаанд06.6204-06-2026
2Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
3Мусофири тоҷик дар Иморот: “Аз хабарҳо бисёр нигарон шудем”07.605-03-2026
4Ногирон: Ҳокимлик бешинчи қаватдаги уйимни биринчи қаватга алмаштириб бераман деб умуман уйсиз қолдирди01025-09-2020
5"Нооромиҳои сиёсӣ". Сабаби гаронии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист?07.2316-07-2026
6Ҷасади як ҷавонро баъди ҳашт рӯз аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд 06.6409-08-2026
7Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
8“МФЙни бўшат, пилла боқ!” Ипак қурти боқиш кимнинг иши?07.7427-04-2026
9Shavkat Mirziyoyev Markaziy Osiyo va Ozarbayjon norasmiy sammitida nutq so‘zladi09.0731-07-2026

Классификация: Культура. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 7.35. Источник: www.ozodi.org.