Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Ҷое, ки Хуросон ба ҳам омад..." Адибони форсигӯ дар маҳфили бонуфузи Олмон

Дата публикации: 28-05-2026 11:10:32

Нахустин таваҷҷуҳи яке аз машҳуртарин маҳфилҳои Олмон ба назму насри форсӣ амалан ба ҳамоиши адибони форсизабон дар Берлин табдил ёфт. Ин маҳфил «Паратаксис: забонҳои шаҳр ва фаъолияти адабӣ»  ном дорад ва  як ҳамоиши эҷодкорони забонҳои ғайриолмонии марбут ба Олмон мебошад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Нахустин таваҷҷуҳи яке аз машҳуртарин маҳфилҳои Олмон ба назму насри форсӣ амалан ба ҳамоиши адибони форсизабон дар Берлин табдил ёфт. Ин маҳфил «Паратаксис: забонҳои шаҳр ва фаъолияти адабӣ»  ном дорад ва  як ҳамоиши эҷодкорони забонҳои ғайриолмонии марбут ба Олмон мебошад.

Ҳамоише, ки соле ду бор барпо мешавад, аз ин пеш бо ширкати адибони чинӣ барпо шуд ва рӯзи 23 май маҳфили форсизабонҳо доир гардид.

Шоири афғонистонӣ Ҳорун Бадахшӣ, адибони эронӣ Афшин Ҷаводи Туршизӣ, Карими Шабранг, Алӣ Абдуллоҳӣ ва шоиру нависандаи тоҷик Шаҳзода Назарзодаи Самарқандӣ аз ширкатдорони ин маҳфиле буданд, ба қавли бархе ширкатдорон - «ҷое, ки Хуросон ба ҳам омад».

Шаҳзода Назарзода дар як сӯҳбаташ баъди ин нишаст гуфт, алоқамандони адабиёти форсӣ, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, роҷеъ ба нашри эҷодиёти адибони форсизабон дар Олмон, мушкилоте барои тарҷумаи дурусти чунин осор сӯҳбат карданд. Дар миёни иштирокчиён онҳое ҳам буданд, ки «барои аввалин бор аз забони форсӣ мешуниданд ва бисёриҳо мепурсиданд, ки тафовути байни забони форсӣ ва арабӣ чӣ аст» ваё “шинохти зиёде аз се шохаи забони форсӣ надоштанд”.

«Аз он ҷо, ки ман медонам, осори шодравон Аббоси Маъруфӣ, Фарибо Вафӣ ба олмонӣ тарҷума шудааст, - мегӯяд Назарзода. - Осори нависандагони эронӣ ба олмонӣ бештар тарҷума шудааст, то нависандагони афғонистонӣ ё тоҷикистонӣ ё тоҷиктабори Осиёи Миёна. Яке аз нукоти ҷолибаш ин буд, ки аз сӯҳбатҳое, ки ман ироа кардам, ношири олмонӣ алоқаманд шуд, ки корҳои маро ҳам баррасӣ кунанд. Мутаассифона, мо ҳанӯз кор дорем, ки адабиёти худамонро дар Олмон муаррифӣ кунем ва намунаҳои беҳтарини онро ба олмонӣ баргардонем».

Бо кадом мавзӯъҳо адабиёти форсӣ тафовут дорад, ва, ба назари шумо метавонад дар Олмон бозоргир шавад, чун китобу тиҷорат дар ҷаҳони имрӯз ба ҳам вобаста шудаанд, пурсидем аз Шаҳзода Назарзода. Ӯ гуфт:

«Ҷаззобиятҳое, ки дар адабиёти тоҷик ҳаст, ин аст, ки мо даврони шӯравиро бо пӯсту гӯшту устухонамон таҷруба кардаем ва осебҳое дидем, ки моро аз дигар шохаҳои форсизабон мутафовит мекунад. Иттифоқан, тафовутҳое, ки мо дорем, дар канори шабоҳатҳо ва ҳамрагиву ҳамхунӣ, ҳамин ҳамзистии якқарнаи мо дар Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Фикр мекунам, ки бозори китоби Олмон ба ин ҷанбаъ бештар таваҷҷӯҳ дорад”.

Агар аз сӯе кор дар ин самт мушкилоте дошта бошад, аз сӯи дигар, имконият ва фурсатҳои нави ҳамкориро барои эҷодкорони олмонию форсӣ, аз ҷумла тоҷикзабон боз кунад.

Бино ба бархе ҳисобҳо, кишвари Олмон ба панҷгонаи давлатҳое бо чопи зиёди китоб шомил шуда, ин ҷо то 70 ҳазор адабиёти нав дар сол нашр мешавад. Аз ҷумла ҳар сол даҳҳо китоб ба забони форсӣ ҳам ба бозор ироа мешавад.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1“Молхонанинг тепасида яшашга мажбурмиз”01011-12-2021
2Ногирон: Ҳокимлик бешинчи қаватдаги уйимни биринчи қаватга алмаштириб бераман деб умуман уйсиз қолдирди01025-09-2020
3Fjodor Michailowitsch Dostoewskij. Netotschka Njeswanowa. Aufzeichnungen aus dem Kellerloch: Deutsch von Erwin Walter (Leipzig, 19xx)01031-07-2026
4“Ҳокимнинг лафзига ишониб иш ҳақини ололмай қолдик!”01024-11-2021
5Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
6“Крокус” иши ва сирли "Абдуллоҳ", Шинжон делегацияси Тошкентда, Қирғизистоннинг "сиёсий ҳамёни"01029-03-2024
7Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
8Berlín siempre será Berlín012.8131-07-2026
9Hector Berlioz : Symphonie fantastique (Live) par Los Angeles Philharmonic0519-05-2008

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 6.52. Источник: www.ozodi.org.