Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Тоҷикистон ба маблағи қариб $99 млн равған ворид кардааст. Корхонаҳои нав мушкилро ҳал накарданд?

Дата публикации: 12-10-2026 04:00:00

Истеҳсолоти дохилӣ 21%-и талаботи кишварро қонеъ карда, корхонаҳо бо норасоии ашёи хом дучоранд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 99 млн доллар равғани офтобпараст, пахта, лӯбиё ва маъсар (рапс) ворид шудаст. Ин дар ҳоле, ки соли равон дар кишвар чанд корхонаи коркарди равған боз шуд, вале зоҳиран, дар соҳа мушкили норасоии ашёи хом боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки моҳҳои январ – сентябри соли 2026 ба Тоҷикистон ба маблағи 91,2 млн доллар ҳудуди 75,1 ҳазор тонна равғани офтобпараст ва маъсар ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар равғани хоми офтобпараст ба кишвар ворид шудааст: 55,3 ҳазор тонна бо арзиши 60,3 млн доллар. Ғайр аз ин, 13,6 ҳазор тонна равғани офтобпараст ба маблағи 22,6 млн доллар оварда шудааст.

Дар ин давра, Тоҷикистон ба маблағи 3,8 млн доллар 3,4 ҳазор тонна равғани пахта, ба маблағи 2,66 млн доллар равғани лӯбиёӣ (соя) ва 1,3 млн доллар – зиёда аз 100 тонна равғани маъсар харидааст.

Ҳамчунин, омехтаҳои тайёри чарбу, аз ҷумла равғани растании омехта ба маблағи 26,9 млн доллар ва маргарин ба маблағи 20,2 млн доллар оварда шудааст.

Дар Тоҷикистон корхонаҳои нав боз мешаванд

Воридоти равған аз хориҷи кишвар дар ҳолест, ки соли равон якбора чанд корхонаи нави истеҳсоли равған ба кор оғоз кард. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсолии ширкати “Анко Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои “Фаровон” сохта шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳур, корхона ба коркарди то 200 тонна ашёи хом дар як шабонарӯз ё то 70 ҳазор тонна зироати равғандор дар як сол иқтидор дорад. Дар ин ҷо истеҳсоли равғани офтобпараст, пахта ва равғани растании омехта ба роҳ монда шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар сурати истифодаи пурраи иқтидор, корхона метавонад то 30%-и талаботи бозори дохилиро ба равғаи растанӣ таъмин кунад. Дар ҳамин ҳол, ашёи хоми асосӣ аз Русия ва Қазоқистон оварда мешавад.

Акс аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Қаблан, рӯзи дар моҳи август Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ба истифода дода буд. Таҷҳизоти он имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 7 ҳазор тонна ашёи хом коркард шавад. Дар ин корхона 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Худи ҳамон рӯз дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” корхонаи равғани зағери “Грин Голд” бо иқтидори 100 тонна маҳсулот дар як сол мавриди истифода қарор гирифт.

Истеҳсолоти худӣ ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи талабот ба равғанро таъмин месозад

Яке аз мушкили асосии саноати истеҳсоли равғану чарбу дар кишвар норасии ашёи хом ба шумор меравад. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми июли соли 2026 гуфт, ки дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои назарраси коркарди зироатҳои равғандор мавҷуданд, вале қисми корхонаҳо бинобар норасоии ашёи хом, логистикаи гарон ва душвории марбут бо рақобатпазирии маҳсулот кор намекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон имкони парвариши зироатҳои равғандорро дар Қазоқистону Русия ва минбаъд интиқоли ҳосили он барои коркард дар корхонаҳои ватанӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла, раҳбарияти Бошқирдистон ба ҷудо кардани замин барои парвариши зироатҳои равғандор изҳори омодагӣ кардааст.

Қаблан вазир иттилоъ дода буд, ки истеҳсолоти дохилӣ каме бештар аз 21%-и талаботи кишвар ба равғани растаниро қонеъ месозад.

Барои истеҳсоли 100 ҳазор тонна равғани растанӣ тақрибан 833 ҳазор тонна тухмии зироатҳои равғандор лозим аст. Дар ҳамин ҳол, ҳосили умумии, сафлора, маъсар, офтобпараст, кунҷит ва дигар зироатҳои равғандор дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор тонна намерасад. Хароҷоти солонаи кишвар дар воридоти равғани растанӣ ҳудуди 170-180 млн долларро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад014.5512-10-2026
2Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?07.7213-05-2026
3Даҳ миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб06.0506-08-2026
4Иностранные инвестиции в Таджикистан в I квартале выросли на 23%013.7428-07-2026
5Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст06.612-10-2026
6В Таджикистане сообщили, что почти 99% взрослого населения вакцинировали от коронавируса0011-03-2023
7Таджикистан привлек почти два миллиарда долларов иностранных инвестиций05.6201-08-2026
8На форуме по цифровизации СЭЗ в Таджикистане подписано 12 соглашений на $104,4 млн014.1228-08-2026
9Саудовский фонд и Исламский банк развития вложили в экономику Таджикистана почти $1 млрд0019-07-2023
10Тағйирот дар андозбандӣ: ААИ, низоми содашуда ва савдои онлайн013.3811-10-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 13.7. Источник: news.tj.