Аз Рӯзи соҳибкорон ва даргузашти Чанор Имомов то зодрӯзи Орзу Исо ва Шабнами Сурайё.
Ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ин иди касбии соҳибкорон буда, хизматҳои онҳо дар рушди иқтисоди кишвар эътироф карда мешавад. Ин рӯз соли 2015 расман эълон шудааст.

Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон бо мақсади эътирофи саҳми соҳибкорон дар рушд ва мустаҳкамсозии иқтисоди миллӣ, ҷалб ва дастгирии фаъолиятҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, таблиғ ва омӯзиши дастовардҳо, тамоюлҳо ва мушкилоти соҳавӣ дар байни соҳибкорон таҷлил мешавад.
Соли 1924 – Дар натиҷаи таъйиноти ҳудудии миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин воқеа оғози давраи нави давлатдории тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Соли 1948 – Дар Тоҷикистон Шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъсис ёфт. Он ташкилоте буд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандонро ҳимоя мекард ва минбаъд ба як сохтори калони ҷамъиятӣ табдил ёфт.
Соли 2004 – Дар Душанбе Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ расман ифтитоҳ шуд.
Соли 2009 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” тағйирот ворид намуд. Мувофиқи он, минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд дар қаламрави Тоҷикистон хона ё манзил харидорӣ кунанд.
Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.
Соли 2017 – Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро бо иттиҳоми дуздии пули буҷет боздошт кард. Ӯ дертар бо иттиҳоми “азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз” 24 сол равонаи зиндон шуд ва моҳи апрели соли 2021 даргузашт.

Соли 2018 – Дар шаҳри Кӯлоб, дар назди шабакаи телевизиони “Кӯлоб” нахустин радиои маҳаллӣ – “Радиои Кӯлоб” ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2020 – Вакилони порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ сабуктар кардаанд. Бино ба он, шахсе, ки бори аввал ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва нажодӣ муттаҳам мешавад ва агар дар фаъолияташ таркиби ҷиноят нест, аз 2900 сомонӣ то 5800 сомонӣ ҷарима ва ё аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд.
ШАХСИЯТҲОСоли 1939 – Чинор Имомов, арбоби давлатии тоҷик дар 41-солагӣ даргузашт.

Чинор Имомов, яке аз сиёсатмадорони намоёни тоҷик дар даҳаҳои дувум ва севуми асри бист, роҳбари нахустини Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон ва сарвари коммунистони ин ҷумҳурии навтаъсис буд.
Ӯ моҳи декабри соли 1918 раиси кумитаи инқилобии уездию шаҳрии Истаравшан (Уротеппа) интихоб гардид. Солҳои 1920-1922 роҳбарии кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқандро ба уҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 1923 ба вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссари халқии Инспектсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон пешбарӣ шуд.
Ин айём Имомов дар рушди соҳаи маориф, бахусус ташкили мактабҳои тоҷикӣ дар Туркистон ва таълифу нашри китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ ҷаҳди зиёд карда, дар таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки нахустин рӯзномаи тоҷикон дар даврони Шӯравӣ буд, саҳми калон доштааст.
Аммо тақдири сиёсии солҳои 30-юми асри XX ба ӯ ҳам раҳм накард. Дар давраи саркӯбҳои сиёсӣ, вақте бисёр чеҳраҳои маъруфи миллӣ, монанди Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев ва дигарон қурбони тӯҳмату дасисаҳо шуданд, Чинор Имомов ҳам дар моҳи июли соли 1937 боздошт ва моҳи октябри соли 1938 ба марг маҳкум шуд.
Соли 1946 – Зодрӯзи Иқболшо Салимов, собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Соли 1971 – Аъзам Камолов, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик дар синни 59 даргузашт.
Соли 1976 – Мавлуди Орзу Исо, рӯзноманигори шинохта, таронанавис ва блогери тоҷик.

Орзу Исо хатмкардаи факултети рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, ҳанӯз замони донишҷӯ буданаш ҳамчун рассом ба телевизиони “Хатлон” ба кор омадааст. Баъдан дар телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, як муддат дар “Тоҷикфилм”, радиои “Имрӯз” фаъолият карда, муддате дар ТВ “Сафина” ва радиои “ASIA-Plus” ба кори рӯзноманигорӣ машғул буд.
Ӯ баъди тарки телевизион барномаеро дар “YouTube” бо унвони “Ногуфтаҳо” роҳандозӣ кард.
Орзу Исо дар эҷоди таронаҳо низ дасти қавӣ дошта, навиштаҳшояш аз ҷониби хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон, чун Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Садриддин Наҷмиддин, Ҳабиб Ҳакимов, Меҳрнигори Рустам, Шабнами Сурайё, Нигора Холова ва дигар ҳунармандон суруда шудаанд.
Вай дар синамо низ саҳм дорад. Нахустин кори Орзу дар ин бахш дар филми “Чашмаи модар” буд, ки ӯ дар баробари муаллифи филмнома будан чанд шеър низ эҷод карда буд. “Барачаи хаёлӣ” филми дигарест, ки Орзу Исо саҳм дорад.
Соли 1978 – Зодрӯзи Насимҷон Ҳамробоев, доктори илмҳои филология, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Соли 1981 – Зодрӯзи Шабнами Сурайё, овозхони мусиқии попи тоҷикӣ.
Шабнами Сурайёро аз машҳуртарин овозхонони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад. Модар ва хоҳари Шабнам – Сурайё Қосимова ва Фарзонаи Хуршед низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд.
Шабнам дар солҳои 2008-2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) баргузор кардааст.
Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид, Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан мусоидат намояд.
Соли 1994 – Зодрӯзи Меҳринигори Рустам, овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷикӣ.

Меҳринигори Рустам, ба гуфтааш аз панҷсолагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ карда, соли 2001 дар озмуни “Ғунчаҳои умед” ва соли 2003 дар озмуни “Офтобак” соҳиби Шоҳҷоиза шудааст.
Ӯ дар мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев ва сипас дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил карда, муддате дар дастаи ҳунарии “Ориё”-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият намудааст. Бародараш Сафармуҳаммад Рустам низ сароянда аст/
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢҲамасола 14-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз аҳамияти бузурги стандартҳои ягона дар рушди иқтисод, илм, саноат, савдо ва технологияро таъкид мекунад.
Сарчашмаи ин рӯз ба соли 1946 замоне ки дар шаҳри Лондон конфронси байналмилалии ташкилотҳои миллӣ оид ба стандартикунонӣ баргузор шуд, рабт мегирад. Дар натиҷаи он Созмони байналмилалии стандартикунонӣ (ISO) таъсис ёфт, ки имрӯз зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд. ISO имрӯз яке аз муҳимтарин сохторҳои байналмилалӣ аст, ки фаъолияти он ба баланд бардоштани сатҳи сифат ва мутобиқсозии маҳсулоти ҷаҳон равона шудааст.

14-уми октябри соли 1843, дар шаҳри Потсдам нахустнамоиши асари саҳнавии “Хоб дар шаби тобистон” аз рӯйи намоишномаи машҳури Вилям Шекспир баргузор шуд. Феликс Менделсон, оҳангсози ҷавони олмонӣ барои ин намоиш мусиқӣ навишта буд. Яке аз қисматҳои машҳури он “Марши арӯсӣ” буд, ки баъдтар ба яке аз оҳангҳои ҷашнӣ ва тантанавии маъруфтарини ҷаҳон табдил ёфт.
Аввалин бор ин марш соли 1847 дар маросими арӯсии Дороти Карю ва Том Дэниэл дар Бритониё садо дод. Аммо баъдтар, соли 1858 пас аз садо додани он дар тӯйи малика Виктория Аделгейда, духтари калонии малика Виктория бо шоҳи Пруссия Фридрих Вилҳелм IV, он ба авҷи шуҳрат расид.
ВАЗЪИ ҲАВО*Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ рӯзона борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, шабона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 11+16º гарм, шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, шабона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 16+21º гарм, шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, шабона 3-8º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми октябр ба ҳисоб гирифта шудааст.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 октябри соли 2026 | 0 | 16.28 | 13-10-2026 |
| 2 | Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2026 | 0 | 18.7 | 12-10-2026 |
| 3 | Озмуни “Донишҷӯйи сол – 2026” ҷамъбаст шуд. Киҳо донишҷӯйи сол шуданд? | 0 | 10.35 | 13-10-2026 |
| 4 | Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт? | 0 | 9.28 | 14-10-2026 |
| 5 | Аз таваллудхонаи №1-и Душанбе як навзод гум шудааст | 0 | 13.31 | 13-10-2026 |
| 6 | Çizgilik - 14 Ağustos 2026 | 0 | 50 | 14-08-2026 |
| 7 | הָרֹאשׁ הַמְּשִׁיחִי מְשַׁגֵּר עוֹד מַכָּה | 14.7.2026 | 0 | 0 | 13-07-2026 |
| 8 | Kim Kime Dum Duma - 14 Ağustos 2026 | 0 | 35 | 14-08-2026 |
| 9 | İğneli Fırça - 14 Ağustos 2026 | 0 | 43.33 | 14-08-2026 |
| 10 | Цхинвал, 2026 | 0 | 60 | 23-06-2026 |