Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

Дата публикации: 30-09-2026 11:46:51

Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст

Основное содержимое страницы с новостью.

https://sputnik.tj/20260930/surat-internet-hamroh-tojikiston-panj-marotiba-afzoish-1080840387.html

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

Sputnik Тоҷикистон

Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст

2026-09-30T16:46+0500

2026-09-30T16:46+0500

2026-09-30T18:55+0500

дар тоҷикистон

интернет

алоқа

хадамоти алоқа

https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/04/1079458834_0:276:3072:2004_1920x0_80_0_0_e66fb2b999bc72447360988fee497a54.jpg

ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт. Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст. “Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст”, - гуфт раиси Хадамоти алоқа. Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд. Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст. “Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло. Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 29 ба 30 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз кард, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот (ITU) – и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) барои рушди минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон дар ҳошияи он ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад. Қаблан дар кишвар солҳои 2025 то 2030 ба унвони солҳои тавсеаи иқтисоди диҷитал ва навоварӣ эълом шудаанд.

https://sputnik.tj/20260930/barrasi-tekhnologiya-raqam-dushanbe-nihodhoi-aloqa-barqi-idm-1080832667.html

Sputnik Тоҷикистон

info@sputnik.tj

+74956456601

MIA „Rossiya Segodnya“

252

60

2026

Sputnik Тоҷикистон

info@sputnik.tj

+74956456601

MIA „Rossiya Segodnya“

252

60

Хабарҳо

tg_TJ

Sputnik Тоҷикистон

info@sputnik.tj

+74956456601

MIA „Rossiya Segodnya“

252

60

1920

1080

true

1920

1440

true

https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/04/1079458834_6:0:2737:2048_1920x0_80_0_0_b2a7d04f1739f54d68d9c44edc0a482c.jpg

1920

1920

true

Sputnik Тоҷикистон

info@sputnik.tj

+74956456601

MIA „Rossiya Segodnya“

252

60

Sputnik Тоҷикистон

дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа

дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа

Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

16:46 30.09.2026 (Навсозишуда: 18:55 30.09.2026)

Обуна шудан

Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст

ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт.

Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт.

“Ҳамзамон, зерсохтҳои иртиботии насли панҷум низ ба таври пайваста дар кишвар тавсеа меёбанд. Дар ҳоли ҳозир, иҷрои марҳила ба марҳилаи фановарии насли панҷум, мавсум ба 5G, ва густариши пӯшиши он идома дорад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст.

“Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст”, - гуфт раиси Хадамоти алоқа.

Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд.

“Дар соли 2026, ироаи хадамоти интернети моҳвораии Starlink дар Тоҷикистон расман оғоз шуд. Ин амр, фурсатҳои бештаре барои иттисоли манотиқи дурафтода ва саъбулубури кишвар ба интернет фароҳам мекунад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.       

Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст.

“Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Первый региональный форум Международного союза электросвязи для стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026

15:30

Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 29 ба 30 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз кард, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот (ITU) – и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.

Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) барои рушди минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон дар ҳошияи он ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад.

Қаблан дар кишвар солҳои 2025 то 2030 ба унвони солҳои тавсеаи иқтисоди диҷитал ва навоварӣ эълом шудаанд.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ04.6826-09-2026
2Додгоҳи фармоишӣ: чаро Тоҷикистон аз Асосномаи Рум хориҷ мешавад?07.7425-09-2026
3Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухм зиёд шудааст06.428-09-2026
4Боз дар низоми энергетикии осиёи марказӣ садама технологӣ ба қайд гирифта шуд05.6326-09-2026
5Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард013.7729-09-2026
6Аз афзоиши таваррум то болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Омори ҷадиди мақомот05.7226-09-2026
7Сохтмони манзил дар Тоҷикистон қариб ба миллион метри мураббаъ расид: Суғд пешсаф07.3529-09-2026
8Тоҷикистон бори аввал дархост барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард08.8627-09-2026
9Дар Тоҷикистон шумораи бемориҳои сироятӣ коҳиш, аммо паразитӣ афзудааст04.4428-09-2026
10Тоҷикистон барои бунёди марказҳои логистикӣ сармоягузор меҷӯяд09.1825-09-2026

Классификация: Пресс-релизы. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 8.26. Источник: sputnik-tj.com.