Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август барои ошноӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба маҳалли ин иншооти азимтарин дар кишвар рафтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони нерӯгоҳ хостааст, корҳо дар ин нерӯгоҳи барқи обӣ, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, бо сифати баланд иҷро шаванд.
Сафари раисҷумҳур ба нерӯгоҳи “Роғун” чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки ширкати рутбасанҷии “S&P” гуфт, қарор аст, чархаи саввуми нерӯгоҳи Роғун дар тирамоҳи соли 2027 ба кор андохта шавад.
Сохтмони нерӯгоҳ, ки солҳои дароз аст, идома дорад, ба навиштаи “S&P” бояд то 9 соли дигар, яъне соли 2035, ба анҷом расад.
Сандуқи Байнулмилалии Пул соли 2024 дар як гузориш дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта буд, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” на соли 2032, тавре қаблан барномарезӣ шуда буд, балки соли 2033 ба анҷом мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои сохтани чунин иншооти азим пули кофӣ надорад, барои анҷоми он аз кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ қарз гирифтааст.
Иқтисодшиносон, аз ҷумла дар худи кишвар, дар бораи харҷи пули давлат дар сохтмони нерӯгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд, вале вазири молия моҳи июл гуфт, ҳама гуна дахлу харҷ зери назорати ҷиддӣ аст.
Дар ҷараёни сохтмони “Роғун” бинобар беэҳтиётӣ чандин коргар дар садама ва ё тасодуфҳои гуногун ҷон додаанд.

| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Харҷи миллионҳо доллар барои "ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон. Шаффоф аст? | 0 | 10.84 | 24-07-2026 |
| 2 | Сокинон гуфтанд, "барқ омад", аммо сабаби қатъи он норӯшан монд | 0 | 8.18 | 14-08-2026 |
| 3 | Таджикистан в 2026 году должен выплатить по внешнему долгу рекордные $500 млн | 0 | 11.19 | 17-08-2026 |
| 4 | Муҳоҷирон то даҳ рӯзи дигар бояд “Амина” дошта бошанд | 0 | 7.01 | 21-08-2026 |
| 5 | "Шаффоф нест." Тоҷикистон кадом бахши буҷаро пинҳон медорад? | 0 | 9.03 | 21-08-2026 |
| 6 | Миллий армияни шакллантирган генерал вафот қилди | 0 | 9.31 | 13-10-2025 |
| 7 | Рустам Эмомали совершит свой первый зарубежный визит после переизбрания в РФ | 0 | 0 | 17-04-2025 |
| 8 | "Осиёи Миёна дигар мунтазир намемонад." Афғонистону Покистон ба ҷойи Эрон? | 0 | 7.3 | 29-07-2026 |
| 9 | Корхонаи “Зарафшон” мегӯяд, хабари марги коргарро пинҳон накардааст | 0 | 6.69 | 01-08-2026 |
| 10 | ВКД гуфт, се нафарро барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт кардааст | 0 | 7.42 | 22-08-2026 |