Раисҷумҳури Украина аз тасмими фиристодан ва ҷобаҷойии аз 30 то 50 ҳазор нерӯи артиши Кореяи Шимолӣ барои кумак ба Русия дар ҷанг бо Украина хабар дод, аммо шарҳ надод, ки маълумотро аз чӣ роҳе ба даст овардааст.
Ду парвандаи пурсарусадо дар бахши паҳподӣ ё дронсозии Русия баҳсро дар бораи фасод дар саноати низомии ин кишвар бори дигар гарм кардааст. Сухан дар бораи боздошти ду мудири ширкати “Drone Solutions” меравад. Онҳо 8-уми август боздошт шуданд. Ин ҳодиса камтар аз ду моҳ пас аз боздошти Валерий Кустов, миллиардери рус ва молики як ширкати бузурги фаъол дар саноати паҳпод, рух додааст.
Ҳар ду парванда бо иттиҳомҳои молӣ ва қаллобӣ пайванд доранд ва бавижа дар миёни блогерони тарафдори ҷанги Русия дар Украина бозтоби густурдае пайдо кардаанд. Чеҳраҳое, ки мегӯянд, фасод ва мудирияти нодуруст аз сабабҳои суст шудани тавони низомии Русия дар ҷанги Украина аст.
Ширкати “Drone Solutions” дар моҳи апрел паҳподеро бо номи Aist (Stork) ба маънои "Лак-Лак" ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, муаррифӣ карда буд. Ин ширкат мегуфт, ин паҳпод барои интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ва борҳои дигар тарҳрезӣ шудааст.
Аммо ҳоло ҳар ду мудири ин ширкат бо иттиҳоми қаллобӣ рӯбарӯ ҳастанд ва дар сурати маҳкумият, мумкин аст, то 10 сол зиндонӣ шаванд.
Ҷузъиёти парванда ҳанӯз рӯшан нест, аммо боздошти ин ду нафар ба суръат вокуниши рақибони фаъол дар саноати паҳподи Русияро дар пай дошт.
Дмитрий Третяков, мудири ширкате, ки иддао мекунад нахустин паҳподи Русияро муҷаҳҳаз бо ҳушвора ё ҳуши маснуии дохилӣ сохтааст, пас аз ин боздоштҳо навишт, саноати ҳавонавардии бидуни сарнишини Русия "пур аз касоне ҳаст, ки ҳеч таҷрибае дар ҳавонавардӣ надоранд".
“Мушкили аслии ин саноат, ғайрикасбӣ, дуруғгӯӣ ва намоишкории касоне аст, ки онро идора мекунанд,” – афзуд ӯ.
"АЗ КОРХОНАИ МАЙОНЕЗ ТО САНОАТИ ПАҲПОД"Парвандаи дувум ба Валерий Кустов рабт мегирад. Тоҷире, ки пеш аз вуруд ба саноати паҳпод ё дронсозӣ бештар ба далели фаъолият дар тавлиди майонез шинохта мешуд.
Вай дар соли 2023 ширкати "Ҳамлу нақли оянда"-ро дар шаҳри Толятти, яке аз марказҳои аслии мошинбарории Русия, ки дар ҳудуди 800-километрии Маскав ҷойгир аст, роҳандозӣ кард. Вебсайти ин ширкат ҳанӯз аксҳои боздиди президенти Русия Владимир Путинро аз корхона дар моҳи январи соли 2025 дар саҳифаи аслии худ дорад.
Путин дар ин дидор гуфта буд, ки Русия бояд то соли 2030 ба яке аз пешгомони ҷаҳон дар навовариҳои паҳподӣ табдил шавад. Аммо мақомҳои додгоҳӣ акнун мегӯянд, ширкати Кустов паҳподҳои сохти Чинро харида, онро ҳамчун маҳсулоти сохти Русия муаррифӣ мекардааст.
Кустов ба азхудкунии пули буҷаи давлат, ки барои амалӣ ва рушд ҷудо шудааст, муттаҳам мебошад. Чанд мудири баландпояи ширкат низ таҳти пайгард қарор гирифтаанд. Додситонҳо мегӯянд, зиёни воридшуда ба буҷаи Русия дар ин парванда ҳудуди 105 миллион доллар будааст.
Блогерони пуштибони ҷанги Русия ҳатто иддао кардаанд, Кустов аз ҳар паҳподе, ки аз Чин харида ва сипас ба Вазорати дифои Русия мефурӯхт, ҳудуди 83 ҳазор доллар фоида ба даст меовард.
ПУШТИБОНҲОИ ҶАНГ, ВАЛЕ ХАШМГИН АЗ ФАСОДИван Филиппов, рӯзноманигори рус, ки дар табъид ба сар мебарад ва саҳифаҳои тарафдори Кремл ва ҷангро дар Телеграм пайгирӣ мекунад, гуфт, мубориза бо фасод ба яке аз мавзӯъҳои аслии ин гурӯҳ аз блогерон табдил шудааст.
Ӯ ба шабакаи "Current Time" дар Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, "бузургтарин муборизон бо фасод дар Русия, имрӯз блогерҳои ҳомии ҷанг ҳастанд. Онҳо бовар доранд, ки Русия ба далели фасод дар ҳоли бохтани ҷанг аст".
Бо ин ҳол, танқидҳо аз фасод ё наҳваи идораи ҷанг барои баъзе аз ин чеҳраҳо бедардисар набудааст. Шуморе аз блогерҳои машҳур, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунанд, пас аз гузориш дар бораи фасод дар нерӯҳои мусаллаҳ бо интиқод аз амалкарди фармондеҳон боздошт шудаанд.
Филиппов мегӯяд, нашри ҳар хабари нав дар бораи фасод, ба вижа дар артиш, харидҳои давлатӣ ва саноати дифоӣ, вокуниши бисёр тунди ин гурӯҳро бармеангезад.
РАҚОБАТҲОИ ПАҲПОДӢ БО УКРАИНАПаҳподҳо дар ҷараёни ҷанги Русия дар Украина ба яке аз абзорҳои муҳимтарини низомии ду тараф табдил шудаанд. Русия дар марҳилаҳои аввали ҷанг аз назари баъзе фановариҳои паҳподӣ аз Украина ақибтар буд ва барои ҷуброни ин фосила ҳазорон паҳподи "Шоҳид" ва фанновариҳои муртабит ба онро аз Эрон дарёфт кардааст. Маскав сипас тавлиди дохилии паҳподро ба таври густурда афзоиш додааст.
Паҳподҳои имрӯзаи русӣ ба таври муназзам шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва воҳиди Rubicon-и артиши Русия, ки дар тавсеа ва хариди фанновариҳои нави паҳподӣ фаъолият дорад, хисорот ё зарари қобили таваҷҷуҳе ба нерӯҳои украинӣ ворид кардааст.
Бо ин ҳама, мунтақидон ва ҳатто баъзе аз пуштибонҳои ҷанг дар Русия ба ин боваранд, ки Украина ҳамчунон дар бахшҳое аз фанновариҳои паҳподӣ бартарӣ дорад. Яке аз намунаҳое, ки дар баҳси парвандаи Кустов матраҳ шудааст, талоши номуваффақи ширкати ӯ барои сохти намунаи русӣ аз паҳподҳои Vampire-и Украина аст.
Сарбозони русӣ ин паҳподҳои бузурги украиниро "Baba Yaga" меноманд, ки номи ҷодугарӣ дар афсонаҳои славянӣ аст. Ба гуфтаи Вазорати дифои Украина, паҳподи Vampire тавони бардошти 15-килограмӣ то масофаи 20 километрро дорад ва аз муқовимати боло дар баробари ҷанги электронӣ ва дурбини муносиби амалиёти рӯз ва шаб бархӯрдор аст.
Алексей Чадаев, аз таҳлилгарони пуштибони ҷанги Русия, дар бораи талошҳои ширкати Кустов барои сохтани намунаи монанд навишт, "агар ин паҳпод хуб парвоз мекард, артиши Русия метавонист "Baba Yaga"-и худашро ба таври зиёд тавлид кунад. Аммо парвоз накард".
Андрей Белоусов, вазири дифои Русия низ дар ҷаласае дар моҳи июн арзёбиҳои мусбате аз ин маҳсулот надошт ва ба Путин гуфт, ки ин паҳпод "маҳсули чандон босифате нест".
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Ҷанг лонаи парандагону зиндагиашонро ҳам дигар кардааст | 0 | 7.56 | 10-08-2026 |
| 2 | Багаевская: Ночь 18 дек, Вт | 0 | 0 | 17-12-2018 |
| 3 | Багаевская: Утро 18 дек, Вт | 0 | 0 | 17-12-2018 |
| 4 | ISL | Bengaluru will be keen on regaining consistency as it faces Mohammedan | 0 | 0 | 10-01-2025 |
| 5 | Агидель: Ночь 20 дек, Чт | 0 | 0 | 19-12-2018 |
| 6 | "Аз ин ҷо бӯйи ҷасад меояд… Онҳоро бояд аз ин дӯзах берун кашем" | 0 | 6.27 | 07-08-2026 |
| 7 | 0 | 0 | 10-12-2022 | |
| 8 | Сергей Лавров разрушает антироссийский альянс США и ЕС | 0 | 0 | 11-02-2020 |
| 9 | Audi RS A3 2.0 TDI zajebisty... | 0 | 0 | 13-08-2021 |
| 10 | ⚡⚡⚡⚡⚡⚡⚡ 😏«На словах ты Лев Толстой, а на деле, Трамп ... | 0 | 0 | 23-01-2025 |