Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Боздошт, “тавба” ва ҳабсу ҷарима. Чаро баъзе блогеронро дастгир мекунанд?

Дата публикации: 06-08-2026 07:54:15

"Аз сари эҳсос аз алфози қабеҳ истифода кардам. Аз ин рӯ… самимона узр мехоҳам, агар ба иззати нафси онҳо расида бошам." Ин ба истилоҳ "тавбанома"-и яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Основное содержимое страницы с новостью.

"Аз сари эҳсос аз алфози қабеҳ истифода кардам. Аз ин рӯ… самимона узр мехоҳам, агар ба иззати нафси онҳо расида бошам." Ин ба истилоҳ "тавбанома"-и яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Пулиси шаҳри Душанбе ӯро рӯзи 2-юми июл ба истифодаи суханҳои ноҷо муттаҳам ва дар саҳифаи расмии худ нашр кард. Маълум нест, навор таҳти чӣ шароит сабт шудааст, аммо вақтҳои охир ин гуна "тавбанома"-ҳо зуд-зуд пайдо мешаванд.

Ҷарима ва ҳабси 23 кас дар шаш моҳ

Маъмурони милиса дар Тоҷикистон баъзе аз ҷавонону духтарони блогерро барои гуё суҳбатҳои ғайриахлоқӣ, рафтори номуносиб ва нимурёнӣ дар фазои маҷозӣ боздошт мекунанду ҷазо медиҳанд.

Шоҳрух Саидзода

Шоҳрух Саидзода

Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати пулиси Душанбе, дар нишасти матбуотии 21-уми июл теъдоди чунин боздоштшудаҳоро дар ним соли гузашта 23 нафар ҳисоб кард.

"9 нафар 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуд. 14 нафари дигар ҷарима шудааст, аз 500 сомонӣ то 700 сомонӣ," – шарҳ дод ӯ.

Баъзе аз духтарону писароне, ки боздошт ва ҷарима шудаанд, бо далели ҳарос аз мақомот аз суҳбат дар назди дурбин худдорӣ карданд.

Чандеи онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, пулис бештари вақт дар пайи шикояти корбарони дигар, ки онҳоро ба урёнпӯшӣ, паст задани шаъну шарафи миллати тоҷик дар миёни мардуми дигар ва риоя накардани фарҳанги миллӣ муттаҳам мекунанд, боздошт мекунанд.

Бахтиёр Сафаров

Бахтиёр Сафаров

Ҷонибдорон ин иқдомро барои ҳифзи, ба гуфтаашон, арзишҳои ҷомеа зарур медонанд.

Бахтиёр Сафаров, блогери тоҷик, гуфт, "баъзе аз блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои бад анҷом медоданд. Коргарони мақомот бурда, онҳоро 15 ё 10 шабонарӯз ҳабс мекунанд ё ба корҳои ободониву рӯбучин даъват мекунанд. Як хели онҳо ислоҳ шудаанд, баъзе дуборӣ-себорӣ мераванд."

"Майдаавбошӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ?

Шуморе аз фаъолон чунин шеваи кори мақомотро ба "пулиси ахлоқ" ҳамсон медонанд, ки шаҳрвандонро барои кирдор ҷазо медиҳад. Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси расонаҳо, гуфт, чун қонунгузорӣ дар Тоҷикистон кирдори ахлоқиро дар фазои маҷозӣ танзим намекунад, онҳоро бештар бо майдаавбошӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ гунаҳкор мекунанд.

Ранжет Ятимов

Ранжет Ятимов

Ӯ афзуд: "Мафҳуми ҷойи ҷамъиятӣ дар ҳамин кодекс дар моддаи дигар омадааст. Рафтор дар кӯча, хиёбон, театр ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, на шабакаҳои иҷтимоӣ. Мо метавонем инро баҳо диҳем ҳамчун паҳн кардани иттилоъ дар ҷойи оммавӣ. Истифода аз шабакаи иҷтимоӣ ин аллакай оммавӣ ҳисоб мешавад. Аммо дар моддаи майдаавбошӣ ҳамин мафҳум истифода нашудааст."

Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, яке аз масъулиятҳои мақомоти пулис таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ аст, аммо ҷазо додан барои кирдор дар қонун мушаххас нашудааст.

То чанд вақт пеш мақомоти милиса дар Тоҷикистон бештар бо амалиёт алайҳи рӯҳониёну фолбинҳо ва муштариёни онҳо дар сархати хабарҳо қарор доштанд.

Ба назар мерасад, ҳоло назорат бар рафтори корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як бахши дигари кори онҳо табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли як ҳамсуҳбати мо дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, “онҳо ба шикояту додхоҳӣ ва ҳалли мушкили бархе сокинон фаврӣ ва муносиб расидагӣ намекунанд.”

Гузориши видеоиро дар Ютуб бинед:

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Тадбиркор: Уч йил аввал буздирилган дўконларимга на товон пули, на ўрнига ер берди!08.5222-09-2020
2Тоҷикистон гуфт, ба шаҳрвандонаш дар Эрону кишварҳои арабӣ кумак мекунад06.602-03-2026
3Дилрабо Самадова: Донишҷӯён рӯҳан ба хидмат дар артиш омода нестанд07.1607-05-2026
4Вокуниши мақомотро ба шиканҷаи рӯбоҳе дар Нуробод нокофӣ хонданд05.7823-06-2026
5“Ташакурнома ёздириб олишдию, лекин болалар пулини уриб қолишди”01016-09-2020
6Азамат Шамбилов: “Афви зиндониён таъсири кӯтоҳмуддат дорад”07.9515-07-2026
7AI: Аз байн бурдани "лайк" кори дуруст буд, вале вазъ зиёд тағйир накард 09.0721-04-2026
8“Дафн”-и қаҳрамонон. Намоиш ё эътироз ба саркӯб?011.8819-05-2026
9Представитель талибов заявил, что бывшим афганским чиновникам в Кабуле ничего не угрожает0016-08-2021

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 9.85. Источник: www.ozodi.org.